УСУЛИ СУННАТИ ИМОМ АҲМАД ИБНИ ҲАНБАЛ
(РАҲИМАҲУЛЛОҲ)
أُصُولُُ اُلسُّنَّةِ لُِلِْْمَامِ أَُحَْْدِ رَُحَِْوُ اُلله
بسم الله الرحمن الرحيم
Тарҷумаи ҳоли Имом Аҳмад ибни Ҳанбал
Ном: Аҳмад Муҳаммад ибни Ҳанбал
Куният: Абу Абдуллоҳ
Зодгоҳ: Бағдод
Соли таваллуд: 164-и ҳиҷрӣ
Соли вафот: 241-и ҳиҷрӣ
Имом Аҳмад дар сини 40 солагӣ оиладор шуда се писару якчанд духтар доштанд.
Аввал Қуръонро ҳифз карданд ва сипас машғул ба илми луғати арабӣ шуданд. Сипас дар қисми ҳадис дохил шуданд ва назди олимҳои машҳур таълим гирифтанд.
Устодонашон:
Суфиён ибни Ъуйайнаҳ
Вақиъ ибни Ҷарроҳ
Имом Абу Юсуф (шогирди Имом Абуҳанифа)
Имом Шофеъӣ
Абдураззоқи Санъонӣ
Алӣ ибни Мадинӣ
Ва зиёд олимҳои дигар (Аллоҳ ҳамаашро раҳмат кунад).
Имом Аҳмад дар илми ҳадис хеле имоми бузург ҳастанд.
Абдуллоҳ ибни Аҳмад (писараш) мегуяд: "Падарам зиёдтар аз як миллион ҳадис медонист."
Шогирдҳои имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳимаҳуллоҳ):
Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (муаллифи китоби саҳеҳ Бухорӣ)
Имом Абулҳусайн ибни Муслим (муаллифи китоби саҳеҳ Муслим)
Абу Довуд
Насоӣ
Тирмизӣ
Абу Зуръа
Абу Ҳотим
Ва ғайра аз олимҳои бузург, ки ҳама дорои китобҳои ҳадис ҳастанд.
Аз олим будани ин имомҳо худ маълум аст, ки устоди онҳо дар ҳақиқат олим буд.
Ҳатто мухолифини ин китобҳо имом будани имом Аҳмадро қабул доранд.
Ҷойгоҳи имом Аҳмад ибни Ҳанбал назди устодҳо ва имомҳои асраш:
Абдураззоқи Санъонӣ яке аз уламои бузург дар илми ҳадис ва устоди имом Аҳмад ҳаст, ки мегуяд: "Касеро фақиҳтару ботақвотар аз Аҳмад ибни Ҳанбал надидам".
Қутайба ибни Саъид, устоди имом Аҳмад, мегуяд:"Беҳтарин олимҳо дар замони мо Абдуллоҳ ибни Муборак ва ин ҷавон ҳаст". Ва Абубакри Розӣ пурсид: "кист ин ҷавон?"; гуфт: "Аҳмад ибни Ҳанбал аст".
Ҳамчун Қутайба ибни Саъид мегуяд: "Ҳаргоҳ мардеро дидӣ, ки Аҳмад ибни Ҳанбалро дӯст медорад, бидон, ки ин мард аз аҳли суннат ҳаст."
Имом Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ дар бораи имом Аҳмад мегуяд:"Имом Аҳмад касе буд, ки Аллоҳ (субҳонаҳу таъоло) ӯро собит кард мисле, ки Абу Бакрро собиту устувор карда буд ҳангоме, ки фитнаи мардум сар зад баъд аз вафоти Паёмбар صلى الله عليه وسلم (ва баъзеҳо динро тарк карданд ва ихтилофи бузург шуд).
Ва дар замони Имом Аҳмад ибни Ҳанбал фитнаи ҷаҳмиҳо пайдо шуд ва имом ҳама шиканҷаву сахтиҳоро пушти сар гузошт ва дар дин собит монд.
Ва имомҳо дар мадҳу санои имом Аҳмад суханҳои зиёд доранд.
Имом Аҳмад соли 241-и ҳиҷрӣ дар Бағдод вафот карданд.
Аз эшон осори хело зиёд боқӣ мондааст, ки баъзеяшро инҷо зикр кардем:
Муснади имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар 52 муҷаллад чоп шудааст, ки дорои зиёда аз 30 ҳазор ҳадис аст.
Усули Суннат (ҳар касе, ки ба усул ва қоидаҳое, ки имом зикр кардааст, чанг бизанад, аз аҳли суннат ҳаст, ва ҳар касе, ки мухолифат кунад, аз аҳли бидъат ва мубтадиъ аст.
Ва дар охир, Аллоҳ моро ба роҳи рост ҳидоят фармояд.
Усулҳои Суннат назди мо инҳоянд:
1. Пайравӣ намудан аз он чизе, ки асҳоби расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم бар он буданд.
2. Ва тарки бидъат. Ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст.
3. Ва тарки баҳс, ва тарки ҳамнишинӣ бо аҳли бидъат.
4. Ва тарки баҳсу мунозара ва кашмакашиҳо дар дин.
5. Ва суннат назди мо, аҳли суннат, ин ҳадисҳои расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم мебошад.
6. Ва суннат Қуръонро баён мекунад; Суннат шарҳи Қуръон аст.
7. Дар суннат қиёс нест, (ва мисол зада намешавад) ва мислу монанд надорад, ва бо ақл ва ҳавову ҳавас дарк карда намешавад, балки суннат (танҳо) пайравӣ намудан ва тарк кардани ҳавову ҳавас мебошад.
Ва аз ҷумлаи умурҳои эътиқодии лозима, ҳаркас яке аз онро тарк кунад (онро қабул накунад ва ба он имон надошта бошад) пас ӯ аз аҳли суннат намебошад:
8. Имон доштан ба тақдири некӣ ва бадӣ, ва ҳақ донистану имон доштан ба он ҳадисҳое, ки ворид шудааст дар ин маврид.
"Барои чӣ?", "чӣ гуна?" гуфта намешавад дар ин масъала. Онро бояд ҳақиқат донист ва ба он бояд имон дошт. Ҳаркас шарҳи ҳадисеро надонад ва ақлаш ба дарки он нарасад, пас барои ӯ ҳамин кофист, ки онро тасдиқ кунад. Ва бар вай лозим аст, ки ба он имон оварад ва таслим шавад. Ба мисли ҳадиси содиқул масдуқ (ҳадиси содиқул масдуқ: яъне инҷо ишора шудааст ба ривояте, ки Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم мегӯяд, ки нутфаи ҳар яке аз шумо муддати 40 рӯз дар раҳми модар ҷамъ мешавад ... то охир) ва мисли ҳамин ҳадисҳое, ки дар масъалаи тақдир ривоят шудаанд. Ва мисли тамоми ҳадисҳое, ки дар боби дидани Аллоҳ дар рӯзи Қиёмат ривоят шудаанд, ҳатто агар шунаванда бо он розй набошад ва аз он нафрат пайдо кунад, бояд ба он имон биёварад ва ҳатто ҳарфе аз онро инкор накунад. Ва дар мавриди ҳадисҳои дигаре, ки ровиёни боэътимод ривоят кардаанд, бояд ҳамчунин ҳарфе аз онро инкор накард.
9. Ва бо ҳеҷ кас дар ин бора муҷодала ва мунозара намекунад ва баҳс карданро намеомӯзад. Чунки сухан гуфтан дар масълаи тақдир ва дидани Аллоҳ ва Қуръон ва ғайри инҳо макруҳ аст. Ва касе, ки ин корро мекунад, агар дар гуфтораш ба суннат мувофиқ бошад ҳам, аз Аҳли суннат нест. Он вақт аз аҳли суннат ҳисоб мешавад, ки тарки баҳсу мунозара кунад ва ба ҳадисҳо таслим шавад ва имон оварад.
10. Ва Қуръон каломи Аллоҳ аст, Қуръон махлуқ нест. Ва набояд худро заифу нотавон ҳис кунӣ бо гуфтани "Қуръон махлуқ нест". Чунки Каломи Аллоҳ аз Аллоҳ ҷудо нест ва ягон сифати Аллоҳ халқ нашудааст.
11. Ва ҳазар кун аз ҳар касе, ки дар ин масъала бидъате (навоварие) медарорад. Ва касе, ки Қуръонро лафз ё чизи дигар мегуяд, ва ё мегӯяд "Намедонам оё махлуқ аст ё на, аммо Каломи Аллоҳ аст", пас ӯ аз аҳли бидъат ҳаст, ба мисли касе, ки мегӯяд Қуръон махлуқ аст.
Ба дурустӣ, ки Қуръон Каломи Аллоҳ аст ва махлуқ нест.
12. Ва имон доштан ба дидани Аллоҳ дар рӯзи Қиёмат чуноне, ки ривоят мешавад аз паёмбар صلى الله عليه وسلم дар ҳадисҳои саҳиҳ.
13. Ва паёмбар صلى الله عليه وسلم Аллоҳро дида буд. Ҳадисҳои саҳеҳ дар ин маврид ривоят шудаанд. Қатода аз Икрима аз ибни Аббос онро ривоят кардааст, ва инчунин Ҳакам ибни Абон аз Икрима аз ибни Аббос ривоят кардааст, ва инчунин Алӣ ибни Зайд аз Юсуф ибни Меҳрон аз ибни Аббос ривоят кардааст. Ва назди мо ин ҳадис ба ҳамон сурате, ки аз Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم ворид шудааст, ҳамонгуна зоҳиран фаҳмида мешавад. Сухан гуфтан дар мавриди он бидъат аст. Ва ҳамонгунае, ки ривоят шудааст имон дорем ва дар мавриди он бо ҳеҷкас баҳс намекунем.
14. Ва имон доштан ба Мизон (тарозу) дар рӯзи Қиёмат, ҳамонгунае, ки ривоят шудааст. Бандаи Аллоҳ дар рӯзи Қиёмат дар тарозу бар кашида мешавад ва вазнаш ба миқдори пари пашша намешавад (яъне хеле сабук). Ва амалҳои бандаҳо бар кашида мешаванд ҳамонгунае, ки ривоят шудааст. Ва имон доштан бар ин ва тасдиқ кардани ин. Ва тарки шахсоне, ки инро инкор мекунанд, ва тарки баҳс бо ингунаҳо.
15. Ва Аллоҳ дар рӯзи Қиёмат ба бандагонаш сухан мегӯяд, ва байни Аллоҳ ва банда миёнараве нахоҳад буд.
16. Ва имон доштан ба Ҳавз. Паёмбар صلى الله عليه وسلم дар рӯзи Қиёмат Ҳавзе хоҳад дошт, ва умматаш ба он роҳ меёбад. Паҳмияш мисли дарозияш аст; фосилаи якмоҳа роҳ. Адади зарфҳояш ба мисли адади ситораҳои осмон аст, тибқи ҳадисҳои саҳеҳи дар ин маврид ривоятшуда.
17. Ва имон ба азоби қабр. Ва ин уммат дар қабрҳояшон имтиҳон мешаванд, ва аз онҳо пурсида мешавад, ки Имону Ислом чист ва Парвардигорашон кист ва Паёмбарашон кист? Ва Мункару Накир ба наздаш меоянд, чигунае, ки Аллоҳ бихоҳад. Ва имон ба он ва тасдиқ кардани он.
18. Ва имон доштан ба шафоати паёмбар صلى الله عليه وسلم, ва имон доштан ба он, ки қисме баъд аз сухтану хокистан шудан, боз аз Дузах наҷот меёбанд. Баъд фармон мешавад, ки онҳоро ба дарё биёранд ҳамонгунае, ки Аллоҳ мехоҳад: он дарё дар рӯ ба рӯи дарвозаи Ҷаннат қарор дорад, чуноне, ки дар ривоят омадааст. Имон дошан ва тасдиқ кардани воқеъшавии он (аз умури эътиқодӣ аст).
19. Ва имон доштан бар он, ки Масиҳи Даҷҷол ҳангоми наздик шудани рӯзи Қиёмат хориҷ мешавад, ва байни ду чашмонаш Кофир навишта шудааст, ва имон доштан ба ҳадисҳое, ки дар мавриди Даҷҷол омадааст. Ва имон доштан ба воқеъ шудани ин дар ҳақиқат.
20. Ва имон доштан ба ин, ки ҳазрати Исо (алайҳиссалом), писари Марям, аз осмон фуруд меояд ва даҷҷолро дар боби Луд мекушад (боби Луд дар Фаластин қарор дорад).
21. Ва имон қавлу амал ҳаст. Имон зиёду кам мешавад, чигунае, ки дар ҳадис омадааст: "Аз миёни муъминин комилтарин имонро касе дорад, ки беҳтарин ахлоқро дорад.", ва боз омадааст: "Касе ки намозро такр кунад, ба дурустӣ ба куфр воқеъ шудааст".
22. Ва аз миёни тарки амалҳо танҳо тарки намоз куфр аст. Касе тарк кунад намозро, кофир шудааст (яъне дар ҳаёташ боре ҳам нахонда бошад), ва Аллоҳ қатли ӯро ҷоиз гардонидааст.
23. Ва беҳтарини ин уммат баъди паёмбар صلى الله عليه وسلم, ин Абу Бакри Сиддиқ аст, баъд Умар ибни Хаттоб, баъд Усмон ибни Аффон. Мо афзалиятро ба ин се нафар медиҳем, ҳамонгунае ки саҳобагон ин афзалиятро барояшон дода буданд, ва байнашон дар ин маврид ихтилофе набуд.
24. Сипас баъди ин се саҳоба, бартарӣ ба панҷ асҳоби Шуро дода мешавад: Али ибни Абу Толиб, Талҳа, Аз-Зубайр, Абдурраҳмон ибни Авф ва Саъд ибни Аби Ваққос. Ҳамаи ин панҷ саҳоба шоистаи халиф буданро доштанд ва ҳамаашон имом ҳастанд.
25. Ва далили ин ҳадиси Ибни Умар аст (ки гуфт): "Ҳангоми паёмбар صلى الله عليه وسلم зинда будан ва адади саҳобаҳо бисёр будан, беҳтаринҳо дар назди мо Абу Бакр, баъд Умар, баъд Усмон буд, ва баъдан мо хомӯш меистодем (дар мавриди кӣ беҳтар будан баъди ин се саҳоба).
26. Ва беҳтаринҳо баъд аз асҳоби Шуро - ин Муҳоҷирини аҳли Бадр мебошанд. Сипас Ансори аҳли Бадр. Ва ин бартарият бар асоси ҳиҷрат ва сабқати мусалмон шудан мебошад, ки ҳаркас ҳиҷрат ва собиқаи имонаш зудтар бошад, дар дараҷаи болотар қарор дорад.
27. сипас беҳтарини мардум баъди ин саҳобаҳои зикршуда тамоми асҳоби паёмбар صلى الله عليه وسلم мебошад. Ва ҳаркас бо паёмбар صلى الله عليه وسلم як сол ё як моҳ ё як руз ё як соат ҳамроҳ ва ҳамсуҳбат шуда бошад ё ин ки уро дида бошад, пас асҳоби паёмбар صلى الله عليه وسلم шуморида мешавад. Ва фазилату мақоми саҳоба будан ба андозаи муддати ҳамроҳӣ бо у صلى الله عليه وسلم ва шунидан аз у ва нигоҳ кардан ба эшон мебошад ва аз миёни онҳо касе, ки камтар аз дигарон бо у ҳамроҳ бошад аз мардумони давроне, ки уро надидаанд беҳтар аст ва агар чи Аллоҳро вобихурад бо тамоми аъмоли хайр. Ононе, ки Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم ро ҳамроҳи карда ва аз асҳоби у будаанд ва уро дидаанд ва аз у шунидаанд бахотири ҳамроҳи ва ҳамсуҳбат шудани бо Расулуллоҳ صلى الله عليه وسلم аз тобиъин беҳтаранд ва агарче тобиъин ҳамаи аъмоли хайро анҷом диҳанд.