● Аҳли суннат кист?
● Аҳли суннат кист?
- Эй мардум! 📢
● Аҳли суннат (салафият) ба худ китобҳо дорад: усули суннат, ал-шариъаҳ, ал-ибонаҳ ва шарҳи суннат.
● Аҳли суннат ба худ олимҳо дорад: имом Аҳмад, ибн Таймия, ибн Боз, шайх Муқбил ва Солеҳ Фавзон.
● Аҳли суннат ба худ усулҳо дорад, аз ҷумла:
◇ сухан назадан аз дурӣ ва хуруҷ накардан зидди ҳоким то замоне, ки олимҳо он ҳокимро такфир накарда бошанд. Аҳодиси саҳиҳ ва иҷмоъи олимҳо ба он даолат мекунад. Ин маъно надорад, ки ҳоким маъсум аст ва мо дифоъ аз ҳоким мекунему амалҳои зишташро радд намекунем.
◇ тарку дурӣ ҷустан аз ҷамоату гурӯҳҳо ва аҳли бидъат.
▪️ Ин се нуктаро донистан ва паҳн намудан байни мардум муҳим аст.
Савол!
~ Оё даъватгарҳои аҳли бидъат шуморо бо китобҳо, олимҳо ва усулҳои аҳли суннат ошно месозанд ва мутобиқи он таълим медиҳанд?
~ Ё танҳо манҳаҷи ботилро аз ҷумлаи хавориҷу ихвониҳо ҳақ гуфта нашр мекунанд?!
Онҳо шуморо аз ин неъмати бузург маҳрум сохтаанд! Шумо бошед фиребхурдаи онҳо шудед ❗️
▪️ Якеяш мегӯяд: "Динро аз Саид Қутбу Ҳасани Банно гиред." ❌️
▪️ Дигараш бошад олимҳои аҳли суннатро озирӣ гуфта (узр додан ба мушрике) кофиру мушрику ҷаҳмӣ эълон кардааст. ❌
▪️ Ва боз олимҳои аҳли бидъатро таърифу тавсиф карда олимҳои аҳли суннатро таҳқир мекунад. ❌
▪️ Ҳамзамон суханҳои ботили Абдулазиз Тарифӣ ва Сулаймон Улвонро тарҷумаву нашр мекунад. ❌️
▪️ Яке тамоми ҳокимҳоро кофир мегӯяд. Магар олимҳои бузурги ин аср такфир кардаанд ҳамаи ҳокимонро?! ❌
▪️ Дигараш бошад фосиқу дурӯғгӯйу хиёнаткор аст. ❌
▪️ Ва бисёри дигараш ҳизбу гурӯҳу ҷамоатҳои ботилу гумроҳро мадҳу ситоиш мекунад. ❌️
● Пас чӣ гуна пайравони ин гумроҳон ҳақро аз ботил ҷудо карда тавонанд ⁉️