● Қалби Пок
● Қалби Пок
« Эй бародарам, пеш аз поксозии аъзо ва андоми хеш, ба поксозии қалбат ҳарис бош!
Чи бисёранд онҳое, ки намоз мехонанд, рӯза мегиранд, садақа медиҳанд, ва ҳаҷ мекунанд аммо қалбашон фосид ва нопок аст, монанди хавориҷ, ки паёмбар ﷺ дар мавриди онҳо хабар додааст, ки онҳо ...
▪️ намоз мехонанд
▪️ ва рӯза мегиранд
▪️ ва садақа медиҳанд
▪️ ва Қуръон мехонанд
▪️ ва шабро ба по медоранд
▪️ ва гиря мекунанд
▪️ ва саҳобаҳо намози худро дар муқоиса бо намози онҳо ночиз мепиндоштанд
... аммо لا يجاوز إيمانهم حناجرهم имонашон аз ҳанҷараҳояшон (гулуяшон) поён намеравад ва ба қалбҳояшон таъсир намекунад. Ҳарчанд дар зоҳир накукоранд, вале он фоидае надорад. Пас ба аъмоли нек доштаҳо фирефта нашавед. Пеш аз ҳама ба қалби худ бингаред, ки чӣ гуна қалб доред.
🌹Аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло хосторам ки қалби ман ва шуморо ислоҳ бигардонад.»
Имом ибни Усаймин (раҳимаҳуллоҳ)
📚Шарҳи Риёзу Солиҳин 3\288