Радди аҳли бидъат

Абу Муҳаммад Маданӣ кист?

Абу Муҳаммад Маданӣ - Искандари каззоб.

1. Ин такфирӣ дар тарҷумаи ҳолаш маълумоти дуруғ ҷой додааст. Бардуруғ нависта аст гуё дар пеши шайхҳои бузург дарс хондааст .

2. Мегӯяд "20сол дар Мадина хондам". Аммо дар асл ҳамагӣ 5 сол дар Мадина қарор дошт, аз соли 2008 то 2013. 

3. Мегӯяд "шаш китоби ҳадисро дар назди шайх Аббод хондаам". Аммо дар асл шарҳи ин китобҳо 30 сол тул кашид, яъне шайх Абдулмуҳсин Аббод шаш китоби ҳадисро дар тули 30 сол шарҳ дода буд.

4. Ва боз мегӯяд "дар назди Абдурраззоқ Бадр шарҳи китоби 'Адаб муфрад'-ро хондам". Аммо дар асл шайх Абдурраззоқ Бадр ин китобро соли 2002 шарҳ дода буд. Аз ин бармеояд, ки ин такфирӣ аз худ гап мебофад ва ошкор дуруғ мегӯяд.

5. Дар ҳаққи олимҳо туҳмат мекунад. Борҳо 'иҷмоъ аст' ё ' қавли чор мазҳаб аст' гуфтааст, аммо дар асл дурӯғ гуфтааст.

6. Дар ҳаққи Ибни Боз се бор ва дар ҳаққи Ибни Таймия ду бор ва дар ҳаққи ибни Абдулваҳҳоб борҳо туҳмат кардаасту дурӯғ бофтааст.

7. Шайх Албониро мушрик мегӯяд. "Ибни Боз ва Ибни Усайминро узр медиҳем" мегӯяд.

8. Китобҳо ва ақволи олимони бузургро гузошта (аз ҷумлаи Ибни Боз, Ибни Усаймин, шайх Албонӣ, Абдулмуҳсин Аббод, шайх Муқбил), аз китобҳои аҳли бидъат нақл мекунад (мисли ғомидӣ ва ё Улвон ва ё Синдӣ).

Хулоса, ин нафар (абу Муҳаммад Маданӣ Искандари такфирӣ) як ҷоҳил, бесавод ва дуруғгу ҳаст, ақидаи такфирӣ дорад ва арабиро хуб намедонад. Дар боби узри ба ҷаҳл ғулув ва зиёдаравӣ кардааст.