Усули Сегона

Рисолаи Усули Сегона

Ин рисолаи бузург се аслро дар бар мегирад, ки инсон бояд тибқи он зиндагӣ кунад, зеро ки дар қабр аз ин се асл суол мешавад.


1. Кист Рабби (Парвардигори) ту?

2. Чист дини ту?

3. Кист паёмбари ту?

Агарчӣ зоҳиран ин се суол осон метобад, ҷавоб додан ба ин суолҳо дар қабр имкон надорад магар барои шахсе, ки дар ҳаёти худ тибқи он зиндагӣ карда бошад. Агар инсон имкони анҷом додани амалҳоро бо аъзоёни бадан дошта бошад ва тамоман анҷом надода бошад, дар қиёмат ислому мусалмон гуфтанаш фоидае намекунад.

Муфассал шинохтани ин се асл хеле муҳим аст. Яъне:

1. Шинохтани Аллоҳ ба рубубият, улулият ва асмову сифот.

2. Шинохтани Дини Ислом - бузургии Дини Ислом, аҳкоми зарурии Дин ва ғайра. 

3. Шинохтани Паёмбар (ﷺ) - дар куҷо таваллуд шуд, дар куҷо вафот кард, чӣ ҳақҳо дорад болои мо ва ғайра.


Тарҷумаи ҳоли муаллиф

Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб соли 1115 ҳиҷрӣ дар Наҷд ба дунё омад ва соли 1206 ҳиҷрӣ аз дунё гузашт. Падар ва амакҳояшон дар мазҳаби Ҳанбалӣ фақиҳ буданд. Шайх Муҳаммад аз хурдӣ ба омӯзиши дин шурӯъ карда буд: сарфу наҳв, фиқҳ, ҳадису тафсир. Аммо масоили тавҳид танҳо дар китобҳо буду халос. Ҳамчунин дар замони шайх ширку бидъат хеле ривоҷ ёфта буд. Қабрҳо гумбазҳои калон доштанд ва мардум дар гирди он эътикоф менишастанд. Қабрҳо ибодат мешуданд. 


- Ширк хеле зиёд нашр шуда буд;

- Бидъату хурофот ривоҷ ёфта буд (ба мисли ҷашн гирифтани мавлуд);

- Ҷаҳлу бесаводӣ дар аксарияти мардум дида мешуд.


Сабаби ин ҳама дар он буд, ки хилофати Усмонӣ 200 соли ахираш дар ширку бидъат гузашта буд. Дар байнашон буд ҳокиме, қозие, ё олиме, ки дар хайр бошад ва ислоҳгар бошад, аммо дар умум ширку бидъат нашр шуда буд. Ба ғайр аз ин дар он замон таассуб ба як мазҳаб хеле зиёд буд. Дар Макка ҳатто чор меҳроб буд, ки мутаассиби як мазҳаб аз пушти нафаре, ки дар дигар мазҳаб бошад, намоз намехонд. Ҷаҳлу бесаводии мардум то андозае расида буд, ки баъзеҳо ҳатто намедонистанд намоз чанд ракъат дорад.


Аллома Муҳаммадҳаёти Синдӣ яке аз устодони шайх Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб буд, ки олими бузурги ҳанафӣ мебошад. Вақте шайх дар китобҳои фиқҳ медид, ки ҳақиқатан амалҳое, ки мардум мекунанд ҳаром аст (аз ҷумла гумбаз гузоштанан дар қабр ё гирдаш тавоф кардан ё шамъ гузоштан), аз устодаш мепурсид, ки чаро мардум даст ба чунин амалҳо мезананд. Устодаш бошад ҳаром будани ин амалҳоро медонист ва танҳо ботил будан он амалҳоро тасдиқ мекарду халос. 

Шайх Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб зиёда аз 30 устод дошт. Шайх аз фиқҳ, ҳадис, Қуръон, тафсиру луғат ва ғайраҳо таълим гирифтааст. У мазҳаби Ҳанбалиро хонда буд. Баъд китобҳои Ибни Таймия ва Ибни Қаййимро хеле зиёд мутолиа кард.


Муваффақ шудани Шайх Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб сабабаш (ва боз Аллоҳ донотар аст) хислатҳои хос доштани шайх буд, аз ҷумла:

1. Ихлос доштани шайх;

2. Илм дошт, зеро ки доштани илм муҳим аст барои радди мухолифин ва расонидани ҳақ ба беҳтарин ваҷҳу усул;

3. Ҷуръат доштани шайх (эътимоду таваккул ба Аллоҳ);

4. Даъваташ ба давлат табдил ёфта буд. Даъвати шайхро Муҳаммад ибни Сауд, амири билоди Наҷд, пеш бурд ва нашр кард. Яке амир буд ва яке олим).


Сабабҳои муваффақ шудани шайх:

1. Тавфиқи Аллоҳ

2. Илм доштан

3. Далериву шуҷоат доштан

4. Дуст надоштани моли дунё


Осори шайх: 

1. Саласатул усул;

2. Кашфи шубуҳот;

3. Китоби Тавҳид;

4. Мухтасари "Шарҳи кабир"-и фиқҳи Ҳанбалӣ;

5. Мухтасари "Зодул Маъод";

6. Мухтасари "Сирати Паёмбар ﷺ" аз Ибни Ҳишом;

7. Тафсири Қуръон;

8. Китоб дар илми Ҳадис ва ғайра китобҳо.


Шайх бисёр душманҳо дорад ва дар қайди ҳаёт буданаш ба туҳматҳои душманонаш рад дода буд. Мисол:

1. Туҳмат карда буданд, ки гуё ҳайх такфир мекунад ба умум. Ҷавоби шайх ин буд: "Ман касеро такфир намекунам, то замони ҳуҷҷат барояш расидан."

2. Гуфтанд, ки гуё шайх мехоҳад даъвои паёмбарӣ кунад.

3. Баъзе суфиҳо гуфтанд, ки гуё шайх мехост даъвои Худо будан кунад, аммо умраш боқӣ намонд.


Аз саҳобаи бузург Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: "Аллоҳ ҳар сад сол ба ин уммат барои таҷдиди дини ислом як нафареро меоварад."

Ривояти Абу Довуд (4291); Саҳҳовӣ дар «Ал-Мақосидул-Ҳасана» (№ 149) ва Албонӣ дар «Ас-Силсила ас-саҳиҳа» (№ 599) саҳеҳ донистаанд.

Оғози китоб аз шарҳи шайх Иброҳим

بسم لله الر حمن الر حيم 

- Шайх китобро бо Бисмиллоҳ оғоз кард ва машҳур аст ҷоиз будани оғоз кардани рисолаҳову китобҳо бо Бисмиллоҳ. Ва ин бисмиллоҳ оғози китоби Аллоҳ аст. Ва паёмбар ﷺ номаву рисолаҳои худро бо Бисмиллоҳ шуруъ мекарданд.


"Бидон, Аллоҳ раҳматат кунад" 

- ин дуо барои хонанда ҳаст ва ин меҳрубонии шайхро нисбати хонанда исбот мекунад, ки шояд малоикае омин мегуяд ва ин дуо қабул мешавад. 

- Маънои "раҳимакаллоҳ" - Аллоҳ гузаштаатро бубахшад ва ҳифзат кунад аз гуноҳу маъсият дар оянда. Агар "раҳимакаллоҳ ва ғафаралак" бошад, пас маънои "раҳимакаллоҳ" - саломат мондан аз гуноҳ дар оянда, ва "ғафаралак" - бахшидани гуноҳҳои гузашта мебошад.


"Воҷиб (амри ҳатмӣ) аст бар мо (ҳар зану марди оқилу болиғ) таълим гирифтани чаҳор масъала:

1. Илм - шинохтани Аллоҳ, шинохтани Паёмбар ﷺ ва шинохтани дини Ислом бо далил. 

2. Амал кардан ба илме, ки гирифтӣ. 

3. Даъват кардан

4. Сабр кардан дар роҳи даъват"


- Ҳар кӣ анҷом диҳад воҷиберо (фарзеро), савобу аҷр мегирад. Ва ҳар кӣ онро тарк кунад, гунаҳкор мешаваду сазовори иқобу азоб ҳаст. Фарзҳо ду нафъ ҳастанд: Ъайн ва кифоя. Фарзи ъайн беҳтар аст аз фарзи кифоя. 


Дар ҳадис аз ҳазрати Анас омадааст: "талаби илм фарз аст". 


Фарзи ъайн ба ду гуруҳ тақсим мешавад:

1. тавҳид

2. ҳамон аҳкоми омме, ки барои ибодат зарур аст, ба мисли аҳкоми таҳорату намоз ва ғайра.


Фарзи кифоя: 

- донистани аҳкоми ҷаноза, аҳкоми мерос, бо тафсил донистани илми ҳадису тафсир ва ғайра. Агар нафаре аз байни гуруҳе аз мардум анҷом диҳад, пас аз сари дигарон соқит мешавад. Аммо агар касе анҷом надод, ҳамаашон гунаҳкор мешаванд. 

- Фарзи кифоя беҳтар аст аз ибодатҳои нафлӣ. 


- Ба талаби илм ҳеҷ чизе баробар шуда наметавонад агар он бо ихлос бошад. 

- Пеш аз оне, ки кореро шуруъ кунӣ, ҳукмашро воҷиб аст донистан. 

- Ҳазрати Умар аз бозор пеш мекард ҳамонҳоеро, ки аҳкоми харидуфурушро намедонистанд. 

- Имом Аҳмад ибни Ҳанбал гуфт: Воҷиб аст омухтани илме, ки анҷом додани аҳкоми диниро саҳиҳ мекунад (ба мисли донистани шиканандаҳои таҳорату намоз, аҳкоми руза ва ғайра).

- талаби илм беҳтар аст аз ибодатҳои нафлӣ; рузаи нафлӣ ё таҳаҷҷуд, чунки илми олим аҳкоми таҳаҷҷуду рузаро дар бар мегирад. 


Акнун назар мекунем ба он чаҳор масъалае, ки донистанаш воҷиб аст.


Воҷиб аст донистан ва амал кардан ба ин чор масъала

1. ИЛМ:

(1) Шинохтани Аллоҳ бо далелҳои ақлӣ (нигоҳ ба замину осмону дигар махлуқҳои бузург) ва далелҳои нақлӣ (аз Қуръону Ҳадис).

(2) Шинохтани Паёмбар ﷺ  бо далилҳои ақлӣ (донистани муъҷизаҳояш, сифатҳояш баъд аз паёмбариаш, донистани хабарҳои ғайб, ки аз ҷониби Аллоҳ ошкор шуда буд ба Паёмбар ﷺ) ва бо далелҳои нақлӣ (аз оятҳои Қуръон). Донистани ном ва камтарин маълумот дар бораи Паёмбар ﷺ. 

(3) Шинохтани дини Ислом бо далил аз Қуръону суннат. Барои саломат мондан тақлиди куркурона фоида намекунад.


☝️ Донистани ин масъалаҳои зикршуда воҷиб аст ва таркаш гуноҳ аст. 


2. АМАЛ: 

- Илм мисли дарахт аст ва амал мисли мева аст. Имкон надорад, ки мева бидуни дарахт бошад. Зарур аст, то ин ки амал кардан бо илм бошад.

- Касе илм дорад ва амал намекунад ба яҳуд монанд аст. Ва касе ки бидуни илм амал мекунад, ба насоро монанд аст. 


3. ДАЪВАТ:

- Даъват ин тариқаи паёмбарон ҳаст.

«(Эй паёмбар!) Бигӯ: "Ин роҳи ман аст. Ман бо басират (далелу ҳуҷҷат) ба сӯи Аллоҳ даъват мекунам"». (Сураи Юсуф, Ояти 108)

كُنْتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَتُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ

Шумо беҳтарини уммат ҳастед, ки барои мардум берун оварда шудед, амр ба кори писандида мекунед ва аз кори нописанд наҳй мекунед ва ба Аллоҳ имон меоред. (Сураи Оли Имрон, Ояти 110)

4. САБР:

- Вақте тавҳиду суннат ва ширку бидъатро зикр кардӣ, ҳатман мухолиф пайдо мекунӣ. Дар роҳи нашри тавҳиду суннат ва барҳазаркунӣ аз ширку бидъат ба сахтиҳову машаққат дучор мешавӣ. Ҳамин аст, ки бояд сабр кунӣ дар ин сахтиҳо. 

- Сабр кардану сабур будан рӯшноии имон аст. Сабр намудан се навъ мешавад:

(1) сабр дар дурӣ аз маъсиятҳо. 

Ба мисоли ҳазрати Юсуф, ки барои анҷоми гуноҳ даъват шуд аз суи зани подшоҳ.

Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Ҳафт нафар аст, ки дар рӯзи Қиёмат дар зери сояи арши илоҳӣ қарор мегиранд ва аз гармои тоқатфарсои он рӯз дар амон мемонанд. Ва миёни ин ҳафт нафар якеаш ҷавонест, ки зани зебо ва соҳибмансабе ӯро ба фаҳшо даъват кунад ва ӯ дар ҷавобаш мегӯяд "ман аз Аллоҳ метарсам" ва гирифтори чунин амали зишт намешавад.

(2) сабр дар иҷрои амрҳову тоатҳо 

(3) сабр дар мусибатҳо

- Сабр кардан дар иҷрои амру тоат бузургтар аст аз сабр кардан аз анҷоми гуноҳу маъсият. Ва сабр кардан аз анҷоми гуноҳу маъсият бузургтар аст аз сабр кардан дар мусибатҳо.


Далели воҷиб будани донистани ин чаҳор масъала Сураи Аср аст. 

وَالْعَصْرِ

Қасам ба ин замон,

إِنَّ الْإِنسَانَ لَفِي خُسْرٍ

ки тамоми фарзанди одам дар зиён аст,

إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ

ғайри онҳое, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ карданд ва якдигарро ба ҳақ даъват карданд ва якдигарро ба сабр даъват карданд.


* Имом Шофеъӣ гуфт: "Агар Аллоҳ ҳамчун ҳуҷҷату далил танҳо ҳамин сураро нозил мекард, кофӣ буд барои ҳидояти тамоми инсоният"

- Зеро хурсандиву саодатмандии инсон дар ҳамин чор чиз ҳаст. 

- Дар ин сураи бузург ба тариқи хулоса баён шудааст, ки дин илму амалу даъвату сабр ҳаст.


* Имом Бухорӣ гуфт: Илм омухтан пеш аз сухан гуфтану амал кардан ҳаст; ва далили ин сухан ин оят аст: 


فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَـٰهَ إِلَّا اللَّـهُ وَاسْتَغْفِرْ لِذَنبِكَ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِۗ وَاللَّـهُ يَعْلَمُ مُتَقَلَّبَكُمْ وَمَثْوَاكُمْ


Пас бидон, ки нест маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ. Ва аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин истиғфору мағфират талаб кун. Ва Аллоҳ медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб ба куҷо меоромед, (Сураи Муҳаммад; ояти 19)


- Аз ин оят маълум мешавад, ки илм (донистан) пеш аз амал кардан меояд. 


Воҷиб аст донистан ва амал кардан ба ин се масъала

Бидон, Аллоҳ раҳматат кунад, ки воҷиб аст ба ҳар зану марди мусалмон таълим гирифтани ин се масъала ва амал кардан бар он.


Масъалаи аввал


1. Аллоҳ моро халқ кард ва ризқ дод, ва моро беҳуда нагузошт, балки фиристод паёмбарро ба сӯи мо. Пас ҳар кӣ итоат кунад паёмбарро дохили ҷаннат мешавад, ва ҳар кӣ нофармонбардорӣ кунад дохили ҷаҳаннам мешавад.


Шарҳ:

Воҷиб аст барои мо донистани ин масъала, ки мо чизе набудем пеш аз офарида шуданамон, ва Аллоҳ моро офарид, ризқамон дод. Ва моро беҳуда нагузоштааст. Ҳар ки нофармонбардорӣ кунад ва дурӯғ бишуморад он чизеро, ки Паёмбар ﷺ овард аз ваҳйи Илоҳӣ, дохили ҷаҳаннам мешавад.


Далили ин сухан қавли Аллоҳ аст:

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ


Оё гумон мекунед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед? (Сураи Муъминун; ояти 115)


Шарҳ: 

- Бояд инсон яқин кунад, ки беҳуда халқ нашудааст. 

- Аллоҳ Паёмбар ﷺ - ро фиристод ба хотири баён кардани он чизе, ки Аллоҳ дуст медорад, то ин ки анҷомаш диҳем, ва он чизе, ки Аллоҳ бад мебинад, то ин ки таркаш кунем. 



Ҳамчунин: 

قُلْ مَن يَرْزُقُكُم مِّنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ أَمَّن يَمْلِكُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَمَن يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ الْأَمْرَۚ فَسَيَقُولُونَ اللَّـهُۚ فَقُلْ أَفَلَا تَتَّقُونَ


Бигӯ: «Чӣ касе аз осмону замин ба шумо ризқ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноӣ мебахшад? Зиндаро аз мурда падид меорад ва мурдаро аз зинда ва корҳоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё намотарсед?». (Сураи Юнус; ояти 31) 

 

إِنَّ اللَّـهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ


Ҳар оина Аллоҳ аст ризқдиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор! (Сураи Зориёт; ояти 58)


قُلْ أَطِيعُوا اللَّـهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيْكُم مَّا حُمِّلْتُمْۖ وَإِن تُطِيعُوهُ تَهْتَدُواۚ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ


Бигӯ: «Ба Аллоҳ итоъат кунед ва ба паёмбар итоъат кунед. Пас агар рӯй гардонед, бар паёмбар аст он чӣ ба ӯ таклиф кардаанд ва бар шумост он чӣ бар шумо таклиф кардаанд. Ва агар ба ӯ итоъат кунед, ҳидоят ёбед. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ғайри таблиғи ошкор ҳеҷ чизе нест». (Сураи Нур; ояти 54)


مَّن يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّـهَۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا


Ҳар кӣ паёмбарро итоъат кунад, ба таҳқиқ Аллоҳро итоъат кардааст. (Сураи Нисо; ояти 80)


Паёмбар ﷺ мефамоянд: 

«Дар ҳақиқат, уммати ман ба биҳишт дохил мешаванд, магар касоне, ки саркашӣ мекунанд». Саҳобагон пурсиданд: Кӣ аз дохил шудан ба биҳишт сарпечӣ мекунад? Паёмбар ﷺ дар посух фармуданд: "Ҳар кӣ ба ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар кӣ нофармонбардорӣ кунад, рад кардааст (ворид шуданро ба биҳишт)". (Саҳиҳ Бухорӣ)


Ҳамчунин қавли Аллоҳ: 


إِنَّا أَرْسَلْنَا إِلَيْكُمْ رَسُولًا شَاهِدًا عَلَيْكُمْ كَمَا أَرْسَلْنَا إِلَىٰ فِرْعَوْنَ رَسُولًا (15) فَعَصَىٰ فِرْعَوْنُ الرَّسُولَ فَأَخَذْنَاهُ أَخْذًا وَبِيلًا (16)


Мо бар шумо паёмбаре фиристодем, ки бар амалҳоятон гувоҳ аст, ҳамон тавр, ки ба Фиръавн ҳам паёмбаре фиристода будем. Ва Фиръавн паёмбарро нофармонбардорӣ кард, пас мо ӯро азоби вазнине кардем (азоб дар дунё қабл аз охират). (Сураи Музаммил; ояти 15-16)


وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًاۗ 


Шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то бар мардумон гувоҳ бошед ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад. (Сураи Бақара; ибтидои ояти 143)


Ин оят ду дарс дорад:

[1] мо шаҳодатӣ медиҳем ба умматҳои пешин, ки Ё Аллоҳ, ҳақиқатан ту фиристода будӣ паёмбаронро (Нуҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва ғ.)

[2] Паёмбар ﷺ гувоҳӣ медиҳад, ки барои мо роҳу равиш овард. 


وَمَا نُرْسِلُ الْمُرْسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَۚ وَيُجَادِلُ الَّذِينَ كَفَرُوا بِالْبَاطِلِ لِيُدْحِضُوا بِهِ الْحَقَّۖ وَاتَّخَذُوا آيَاتِي وَمَا أُنذِرُوا هُزُوًا


Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба мардум башорат диҳанд ва мардумро барҳазар кунанд. Ва кофирон мехоҳанд бо ҷидоли ботил ҳақро аз миён бибаранд, ва оёту ҳушдорҳои Маро ба масхара мегиранд. (Сураи Каҳф; ояти 56)


Масъалаи дувум


2. Аллоҳ розӣ намешавад, ки касе дар ибодаташ ба Аллоҳ шарике орад, хоҳ малоика бошад, ё паёмбари фиристодашуда. 


Шарҳ: 

Инсон бояд яқин кунад, ки Аллоҳ ширк оварданро дар ибодат намеписандад, зеро ширк овардан ба Аллоҳ ин бузургтарин зулму гумроҳист. 


وَإِذْ قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ وَهُوَ يَعِظُهُ يَا بُنَيَّ لَا تُشْرِكْ بِاللَّـهِۖ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ


Ва Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Аллоҳ ширк наор, зеро ширк зулми бузург аст. (Сураи Луқмон; ояти 13)


Аллоҳ куфрро намеписандад, балки Исломро меписандад. Далили ин қавли Аллоҳ аст: 


حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةُ وَالدَّمُ وَلَحْمُ الْخِنزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللَّـهِ بِهِ وَالْمُنْخَنِقَةُ وَالْمَوْقُوذَةُ وَالْمُتَرَدِّيَةُ وَالنَّطِيحَةُ وَمَا وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًاۚ


Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва исломро бароятон дин қарор додам. (Сураи Моида; қисми ояти 3)


إِنَّ الدِّينَ عِندَ اللَّـهِ الْإِسْلَامُۗ 


Дини мақбул дар назди Аллоҳ танҳо дини ислом аст. (Сураи Оли Имрон; ибтидои ояти 19)


- Воҷиб аст, ки Аллоҳро бо тавҳид ибодат кунӣ. Зеро ибодат қабул намешавад бидуни тавҳид, ки акси тавҳид ширк аст. 

- Мушрикро барои он золим мегӯянд, ки ғайруллоҳро ибодат кардааст, ҳаққи Холиқро ба махлуқ додааст ва ин бадтарин амал мебошад. Фарқ нагузоштан байни Холиқу махлуқ зулм аст.

- Калимаи "зулм" дар забони арабӣ маънояш гузоштани чизе дар ҷои номувофиқ (на дар ҷои худаш) аст. 

- Ширк бошад бузургтарин зулм аст.


الَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُم بِظُلْمٍ أُولَـٰئِكَ لَهُمُ الْأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ


Касоне, ки имон овардаанд, ва имони худро бо ширк олуда накардаанд, онҳо дар амон мемонанд ва онҳо ҳидоятёфтагонанд. (Сураи Анъом; ояти 82)


Аз Абӯҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: "Аллоҳ аз се чиз розӣ ҳаст: 

1) Танҳо Аллоҳро ибодат кунед ва шарике наоред ҳамроҳи Аллоҳ дар ибодат. 

2) Ба ресмони Аллоҳ устувор пойбанд бошед бо пайравӣ аз Қуръону Суннат. 

3) Якдигарро насиҳат кунед ва ба якдигар машварат бидиҳед (холисона барои Аллоҳ)." [Саҳиҳ Бухорӣ 6611; Саҳиҳ Муслим 1495]


Аллоҳ мефармояд:

أَفَمَن يَخْلُقُ كَمَن لَّا يَخْلُقُۗ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ


Оё касе ки меофарад, монанди касест, ки намеофарад? Чаро дарк намекунед? (Сураи Наҳл; ояти 17)


- Ҳангоме ки паёмбареро ё малоикаеро ибодат кардан ҷоиз набошад, ибодати дарахту буту инсонҳо ба тариқи авло ҳаром аст. Ҳақи Холиқ ба махлуқ дода намешавад. Мисли Аллоҳ чизе нест; на дар зоташ, на дар сифоташ, на дар корҳояш.


Яке аз далилҳои нақлӣ барои ибодат кардани танҳо Аллоҳ ин ояти зерин ҳаст: 


وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلَّـهِ فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّـهِ أَحَدًا


Ва масҷидҳо аз они Аллоҳ аст. Пас ибодат накунед ғайри Аллоҳ касеро. (Сураи Ҷин; ояти 18)


- Масҷид ба ду маънои зер омадааст:

[1] тамоми рӯи замин

[2] чанде аз аъзоҳои бадан


Паёмбар ﷺ фармуданд: "Касоне ки пеш аз шумо буданд, қабрҳои паёмбарону солиҳинро барои худ ибодатгоҳ қарор медоданд. Қабрҳоро макони ибодат қарор надиҳед - ман шуморо аз ин кор манъ мекунам. (Ривояти Муслим; 532)



Далили ақлӣ барои ибодат кардани танҳо Аллоҳ: 

"Чӣ гуна як махлуқи пур аз камбудиву нуқсро баробар мекунӣ ба Холиқи комилу бе нуқс?  Имкон надорад, ки махлуқе комилу бе нуқс шавад."


فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّـهِ أَحَدًا


Пас ибодат накунед (дуо накунед) ғайри Аллоҳ касеро. (Сураи Ҷин; ояти 18)



Дуъо ду навъ ҳаст: 

[1] навъи якум: ибодати Аллоҳ - мисли намозу рузаву назру қурбонӣ (то Аллоҳ бандаро дохили ҷаннат кунад)

[2] навъи дувум: пурсидан (дуъои талаб) - мисли "Ё Аллоҳ маро бубахш, Ё Аллоҳ фарзанди солеҳ насиб гардон."


Ибодат накун касеро ғайри Аллоҳ, ҳамчунин дуо накун ба ҷониби касе ғайри Аллоҳ. 


- Аммо хостани чизе аз махлуқ ҷоиз ҳаст ба шарте, ки ҳозир бошад дар пешат ва тавоноияшро дошта бошад. 


Чуноне ки Аллоҳ мефармояд: 

إِنَّ اللَّـهَ لَا يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَاءُۚ وَمَن يُشْرِكْ بِاللَّـهِ فَقَدِ افْتَرَىٰ إِثْمًا عَظِيمًا


Ба дурустӣ Аллоҳ ширкро намебахшад ва ҳар гуноҳи дигарро мебахшад барои касе хоҳад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ ширк оварад, ба таҳқиқ гуноҳи бузург анҷом додааст. (Сураи Нисо; ояти 48)


إِنَّهُ مَن يُشْرِكْ بِاللَّـهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللَّـهُ عَلَيْهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُۖ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ


Ҳар кас, ки ба Аллоҳ ширк оварад, Аллоҳ ҷаннатро барояш ҳаром кардааст ва ҷойгоҳи ӯ оташи ҷаҳаннам аст ва золимон кумаккунандае надоранд дар қиёмат. (Сураи Моида; қисми ояти 72)


Аз Ҷабир ибн Абдуллоҳ ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: Ҳар ки Аллоҳро мулоқот кунад дар ҳоле, ки шарик наовардааст ба Аллоҳ, дохили ҷаннат мешавад. Ва ҳар ки Аллоҳро мулоқот кунад дар ҳоле, ки шарик овардааст ба Аллоҳ, дохили ҷаҳаннам мешавад. (Ривояти Муслим; 210)

Масъалаи севум


3. Ҳар ки итоат кард Паёмбарро ﷺ, ва ибодат кард Аллоҳро ба ягонагӣ, ҷоиз нест барояш дустӣ кардан бо касе, ки душманӣ бо Аллоҳ ва расулаш дорад. Ҳатто агар қарибтарин инсон ҳам бошад.


- Бузургтарин чизе, ки Аллоҳ амр кардааст, тавҳид аст.

- Бузургтарин чизе, ки Паёмбар ﷺ амр кардааст, чанг задан ба суннати ӯ ва суннати хулафои рошидин аст.

- Бузургтарин чизе, ки Аллоҳ манъ кардааст, ин ширк аст.

- Бузургтарин чизе, ки Паёмбар ﷺ манъ кардааст, ин бидъату хурофотҳо аст.


Шарҳ:

Масъалаи "муволот" сеюм масъала ҳаст, ки донистанаш ва амал карданаш воҷиб аст ба ҳар зану марди оқилу болиғ. "Муволот", ки онро "вало ва баро" ҳам мегӯянд, яке аз бузургтарин масъалаҳо дар ислом ҳаст.


* Вало - дуст доштани дӯстони Аллоҳу Паёмбар ﷺ 

* Баро - бад дидану безорӣ ҷустан аз душманони Аллоҳу Паёмбар ﷺ.



"Вало" ду маънӣ дорад:

[1] нусрат додан, кумак кардан

- Нусрат додан ва кумак кардани кофирҳо ба хотири пирӯз шудани онҳо ва дини онҳо алайҳи мусалмонҳо ва дини ислом - яке аз шиканандаҳои ислом аст ва анҷомдиҳандааш аз ислом хориҷ мешавад. 

[2] дуст доштан

- дуст доштани кофирҳо ҳаром аст.



Имом Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) фармуд: 

"Дуст медорӣ душманҳои Маҳбубатро (душманҳои Аллоҳу Паёмбарро ﷺ) ва боз даъвои дурӯғ дорӣ, ки Маҳбубатро дуст медорӣ? Ин кор имкон надорад. Ҳамчунин, душманӣ мекунӣ нисбати дустони Маҳбубат (Аллоҳу Паёмбар ﷺ), эй бародари шайтон?"


- Аз ин лиҳоз, Аллоҳу Паёмбарро ﷺ дуст доштӣ, имкон надорад душманони онҳоро низ дуст дорӣ.


- Ба хотири ҳамин, мусалмон бояд аҳкоми кофиронро донад ҳангоме, ки дар кишварашон зиндагиву кор мекунад. Мо мегӯем танҳо Аллоҳ бояд парастида шавад, вале кофирон ширк меварзанд ба Аллоҳ; баъзе ба вуҷуди Худованд бовар надоранд, баъзе фарзанд нисбат медиҳанд ба Аллоҳ. 


يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ


Эй касоне, ки имон овардаед, душманони Ман ва душманони худро ба худ дӯст қарор надиҳед. (Сураи Мумтаҳана; ибтидои ояти 1)


قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِي إِبْرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ إِذْ قَالُوا لِقَوْمِهِمْ إِنَّا بُرَآءُ مِنكُمْ وَمِمَّا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّـهِ كَفَرْنَا بِكُمْ وَبَدَا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةُ وَالْبَغْضَاءُ أَبَدًا حَتَّىٰ تُؤْمِنُوا بِاللَّـهِ وَحْدَهُ


Ҳар оина барои шумо улгуи некӯ аст дар Иброҳим ва касоне, ки бо вай буданд аз муъминҳо, замоне ки ба қавми худ гуфтанд: "Мо аз шумо ва аз он чӣ шумо ибодат мекунед ҷуз Аллоҳ, безорем ва шуморо кофир мешуморем ва миёни мову шумо ҳамеша душманиву бадбинӣ хоҳад буд, то вақте ки ба Худои якто имон биёваред." (Сураи Мумтаҳана; ояти 4)


- Аллоҳу Паёмбар ﷺ тамоми алоқаро байни муъмину кофир аз ҷиҳати имону диндорӣ қатъ кардаанд; ба мисли мерос додан, хунбаҳо додан ва ғайра. Наздикиву хешутаборӣ танҳо ба дин ҳаст, на ин ки насаб. Мусалмон агар дар дур ҳам зиндагӣ кунад, бародари диният ҳаст. Кофир агар фарзанди падарат ҳам бошад, бояд ӯро бад бинӣ ва душмани худ шуморӣ. 


لَّا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّـهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوَادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّـهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءَهُمْ أَوْ أَبْنَاءَهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْۚ أُولَـٰئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ وَأَيَّدَهُم بِرُوحٍ مِّنْهُۖ وَيُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَاۚ رَضِيَ اللَّـهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُۚ أُولَـٰئِكَ حِزْبُ اللَّـهِۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ اللَّـهِ هُمُ الْمُفْلِحُونَ


Намеёбӣ мардумеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оварда бошанд, вале бо касоне, ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат доранд, дӯстӣ кунанд, агарчӣ он душманҳо падарон ё фарзандон ё бародарон ва ё аз қабилаи онҳо бошанд. Аллоҳ бар дилашон имонро навиштааст ва ба рӯҳе аз худ ёрияшон кардааст ва онҳоро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, ворид месозад. Дар он ҷо ҷовидона хоҳанд монд. Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онон низ аз Аллоҳ розиянд. Инҳо ҳизби Аллоҳ ҳастанд, огоҳ бош, ки ҳизби Аллоҳ растагоронанд (наҷотёфтагон ҳастанд)! (Сураи Муҷадила; ояти 22)



Ислом ба худ 2 душман дорад: 

[1] аҳли куфру ширк.

[2] аҳли бидъат. 


- Ҳар бидъаткор низ душмани Аллоҳу Паёмбар ﷺ аст. Зеро вақте Аллоҳ гуфтааст, ки динро комил кардааст, ва ин мубтадӣ бидъате меорад, даъво мекунад, ки дини Аллоҳ комил нест.

Мубтадиҳо ҳам ба миқдори бидъаташон душманӣ карда мешаванд. 


Бидъат ҳам 2 навъ мешавад. 

[1] мукаффира - анҷомдиҳандааш аз ислом хориҷ мешавад, мисли рофизиҳо ё қубуриҳо. Инҳо куллан душманӣ карда мешаванд. 

[2] муфассиқа - анҷомдиҳандааш фосиқ мешавад, мисли хавориҷу мурҷиаву ҳизбиҳо. Инҳо ба қадри бидъаташон душманӣ карда мешаванд. 


Аз ибни Аббос ривоят шудааст ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: Қавитарин банди имон ин ба хотири Аллоҳ пазируфтани муъминон ҳамчун ёрону дустони худ ва пазируфтани кофирон ҳамчун душмани худ мебошад: дуст доштан аз барои Аллоҳ ва бад дидану безорӣ ҷустан аз барои Аллоҳ. (Ҳадиси Табарӣ; имом Албонӣ саҳиҳ гуфтааст)


Кофирҳо чанд навъ ҳастанд ва донистани чанд масъала нисбати онҳо зарур аст:

[1] такфир кардани кофирҳо воҷиб аст; зардушт, коммунист, насронӣ, яҳуд, ва ғ.

[2] воҷиб аст бад дидани онҳо.

[3] ҷоиз нест дуст доштани онҳо.

- дуст доштани куффор ба хотири дину оинаш инсонро муртад месозад.

- дуст доштани куффор ба хотири зебогӣ ё ҳунар ё хубияшон ҳаром аст; мисли дуст доштани футболбозони кофир.

- дуст доштани кофире табиатан ҷоиз аст; падараш кофир бошад, ё занаш яҳудӣ бошад ё насронӣ пас ҷоиз аст дуст доштанашон табиатан.

[4] аз аҳли Нор донистани кофирҳо агар дар куфр аз дунё раванд. 


Кофирҳо чанд навъ мешаванд: 

[1] ҳарбӣ - агар кофир дар ҷанг бошад алайҳи мусалмонҳо, воҷиб аст ҷангидан зиддаш ва қатл карданаш. 

[2] зиммӣ - агар кофир дар давлати мусалмонҳо ҷизяҳ супорад (ё дар аҳду сулҳ бошад бо мусалмонҳо) ва дар паноҳи мусалмонҳо зиндагӣ кунад, зулм кардани онҳо ё хурдани моли онҳо ҳаром аст. Аммо воҷиб аст онҳоро бад дидан барои динашон ва хубӣ кардан ба онҳо боке надорад; мисли таом додан ё хабар гирифтанашон. 

Оят: "Аллоҳ шуморо манъ намекунад аз хубӣ ва адл кардан ба онҳое, ки бо шумо наҷангиданд ба хотири дин, ва шуморо аз хонаҳоятон берун накарданд. Ба таҳқиқ Аллоҳ дуст медорад одилонро." (Сураи 60:8)


[3] тиҷорат кардан ва қарз гирифтану қарз додан ҷоиз аст бо кофирҳо. Аммо бояд онҳоро набояд дуст дошт. 

Миллати Иброҳим

Бидон, Аллоҳ туро роҳнамоӣ (ҳидоят, муваффақ) кунад, миллати Иброҳим миллати Ҳанифӣ аст: "танҳо Аллоҳро ибодат кунӣ ва тамоми аъмолатро холисона барои Аллоҳ бигардонӣ."


- миллати Иброҳим ин ибодати танҳо Аллоҳ бо ихлос, ва тарк кардани ибодати ғайруллоҳ аст. 

* миллати Иброҳим яъне дини Иброҳим.


ثُمَّ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ أَنِ اتَّبِعْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًاۖ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ


Баъд аз он мо ваҳй нозил кардем ба сӯи ту, эй расул, ин ки пайравӣ кун дини Иброҳими Ҳанифро ва Иброҳим аз ҷумлаи мушрикон набуд. (Сураи Наҳл; ояти 123)


Мазмуни калимаи Ҳаниф:

[1] Ҳаниф - майлкунанда ба сӯи тавҳид, ругардонанда аз ширк

[2] Ҳаниф - рӯоваранда ба сӯи Аллоҳ, ругардонанда аз ғайруллоҳ. 


إِنَّ إِبْرَاهِيمَ كَانَ أُمَّةً قَانِتًا لِّلَّـهِ حَنِيفًا وَلَمْ يَكُ مِنَ الْمُشْرِكِينَ


Иброҳим як уммате буд, фармонбардору итоаткунандаи Аллоҳ, ҳаниф буд, ва ругардонанда аз ширк буд. (Сураи Наҳл; ояти 120)


وَمَنْ أَحْسَنُ دِينًا مِّمَّنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلَّـهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ وَاتَّبَعَ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًاۗ وَاتَّخَذَ اللَّـهُ إِبْرَاهِيمَ خَلِيلًا


Дини кӣ беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рӯй ба ҷониби Аллоҳ овард ва некӯкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кард? Ва Аллоҳ Иброҳимро дӯсти худ қарор дод. (Сураи Нисо; ояти 125)


وَمَن يَرْغَبُ عَن مِّلَّةِ إِبْرَاهِيمَ إِلَّا مَن سَفِهَ نَفْسَهُۚ وَلَقَدِ اصْطَفَيْنَاهُ فِي الدُّنْيَاۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ


Рӯ намегардонад касе аз миллати Иброҳим, магар касе, ки бехирад бошад. Иброҳимро дар дунё интихоб кардем ва ӯ дар охират низ аз солеҳон аст. (Сураи Бақара; ояти 130)


~ Ибодат ~


> Маънои "ибодат" дар луғат: сархамӣ

> Маънои "ибодат" дар шариат: тамоми он чизе, ки Аллоҳ дуст медорад, меписандад ва аз он розӣ ҳаст ибодат аст. (Қавлӣ, амалӣ, зоҳирӣ, ботинӣ)


Савол: Ибодат кай ибодат ҳисоб мешавад? 

Ҷавоб: Бо ду шарт:

[1] бо муҳаббат, дуст доштан.

[2] бо таъзим, яъне хору сархам будан дар назди Аллоҳ.


يَا أَيُّهَا النَّاسُ اعْبُدُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ


Эй мардум, ибодат кунед Парвардигоратонро, ҳамонеро, ки офарид шуморо ва онҳоеро, ки пеш аз шумо буданд, ба умеди оне, ки ботақво шавед. (Сураи Бақара; ояти 21)


وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّـهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ


Ва онҳо танҳо ба он амр шуда буданд, ки Аллоҳро ибодат кунанд бо ихлос; намозро барпо кунанд ва бардавом садақа диҳанд; Ин аст дини рост. (Сураи Баййина, ояти 5)


Шарҳ:

Аллоҳ тамоми ҷину инсонро барои ибодат офарид. Аллоҳ китобҳоро нозил кард ва паёмбаронро фиристод ба хотири ибодати Аллоҳ ба ягонагӣ. 


وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ


Ман ҷину инсониятро офаридам танҳо ба хотири он ки Маро ибодат кунанд. (Сураи Зориёт; ояти 56)


* Бузургтарин чизе, ки Аллоҳ бандаҳоро амр кардааст, ин ТАВҲИД аст. 


Тавҳид чист? 

Тавҳид - ибодат кардани танҳо Аллоҳ аст. 


التَّوْحِيْدُ إِفْرَادُ اللهِ بِالْعِبَادَةِ


Тавҳид се навъ ҳаст:

1. Рубубият (Аллоҳ Раб ҳаст, Холиқу Розиқу Контролкунанда ва ғайра хос феълҳои Аллоҳ)

2. Улуҳият (танҳо ӯ ҳаст сазовори ибодат ва тамоми ибодатҳо бояд танҳо ба Аллоҳ сарф карда шавад)

3. Асмову сифот - Аллоҳ номҳову сифатҳои бузургу некӯе дорад, ки дар Қуръону Ҳадис омадааст, набояд тамсилу ташбиҳ карда шавад ва бояд нисбат дода шавад ба Аллоҳ.


* Бузургтарин коре, ки Аллоҳ манъ кардааст, ин ШИРК аст. 

Ширк чист? 

Ширк - хондани ғайруллоҳ (дуъо ба ғайруллоҳ) ҳамроҳи Аллоҳ. Ширк - қарор додани шарике ба Аллоҳ дар ибодат. 


 اَلشِّرْكُ دعوةُ غيرهِ معهُ

- ШИРК акси ТАВҲИД аст!


Шарҳ:

Рофизаҳову қубуриҳо дуъо мекунанд ба ҷониби ҳазрати Ҳусайну Алӣ ё Абдулқодири Ҷилонӣ; "Йа Ҳусайн шифо деҳ, Йа Алӣ мадад ва ғ." Бо ин корашон онҳо иқрор доранд, ки Ҳусайн ё Алӣ ё Абдулқодири Ҷилонӣ (ва онҳое ки сӯяшон дуъо мекунанд ғайри Аллоҳ): 

[1] донандаи тамоми забонҳоянд.

[2] шунавандаи тамоми овозҳоянд.

[3] қодир ба тамоми корҳоянд. 


Онҳо махлуқи ноқису оҷизеро баробар ба Холиқи Бузург мекунанд, ки ин амалашон ширк аст ва ширк бузургтарин зулм аст, ки нҷомдиҳандааш аз ҷаннат маҳрум мешавад ва дар дузах партофта мешавад.


Якчанд қоида:

- Тавҳид бузургтарин амри Аллоҳ аст. 

- Даъват ба тавҳид ва барҳазар кардан аз ширк бузургтарин корест, ки бояд анҷом дод.

- Чанг задан ва пайравӣ кардан аз суннати Паёмбар ﷺ ин комилкунандаи тавҳид аст.


- Тавҳид дар ибодат - танҳо Аллоҳро ибодат кардан. 

- Тавҳид дар пайравӣ - танҳо аз суннати Паёмбар ﷺ пайравӣ кардан. 


Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки аз Паёмбар ﷺ пурсиданд: "Бузургтарин гуноҳ кадом аст?" Паёмбар ﷺ гуфтанд: "Бузургтарин гуноҳ ин ба Аллоҳ монанду ҳамто қарор додан аст, дар ҳоле, ки Аллоҳ туро Танҳо офаридааст."  (Саҳиҳ Бухорӣ 4497)


- Бузургтарин ҳақ - ҳақи Аллоҳ аст.

- Бузургтарин ҳаромкардаи Аллоҳ - ширк ба Аллоҳ аст. 


۞ قُلْ تَعَالَوْا أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْۖ أَلَّا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًاۖ 


Бигӯ: «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин, ки ба Аллоҳ ширк наварзед! (Сураи Анъом; ибтидои ояти 151)


Чор қоидаи муҳим: 

[1] Бузургтарин амр дар ибодат - тавҳид

[2] Бузургтарин наҳй (манъ) дар ибодат - ширк (акси тавҳид)

[3] Бузургтарин амр дар пайравӣ - иттибоъ (пайравӣ аз суннати Паёмбар ﷺ) 

[4] Бузургтарин наҳй (манъ) дар пайравӣ - ибтидоъ (бидъату хурофот ҷорӣ кардан дар дин). (акси суннат)


Хулоса:

* АМАЛ кардан ба Тавҳиду Суннат

* ТАРК кардан аз ширку бидъат


Донистани ин се усул воҷиб аст


Пурсанд, ки се усул чист, ки донистанаш қатъан воҷиб аст барои ҳар зану марди мукаллаф? Бигӯ: 

[1] Шинохтани Аллоҳ

[2] Шинохтани Дини Ислом

[3] Шинохтани Паёмбар Муҳаммад (ﷺ). 


Шарҳ:

Донистану амал кардан ба ин се асл воҷиб аст болои ҳар як мукаллаф (шахси болиғу оқил). Бояд инсон бо ҳамин се асл зиндагӣ кунад. Дар қабр аз ин се асл савол мешавад.

Асли 1 - Шинохтани Аллоҳ

Вақте пурсанд, ки Парвардигори ту кист? 

Бигӯ: "Парвардигори ман Аллоҳест, ки маро ва тамоми оламиҳоро тарбия кард ба неъматҳояш."


وَآتَاكُم مِّن كُلِّ مَا سَأَلْتُمُوهُۚ وَإِن تَعُدُّوا نِعْمَتَ اللَّـهِ لَا تُحْصُوهَاۗ إِنَّ الْإِنسَانَ لَظَلُومٌ كَفَّارٌ


Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо дод. Ва агар хоҳед, ки неъматҳои Аллоҳро ҳисоб кунед, натавонед, зеро инсон бисёр ситамкор ва ношукр аст! (Сураи Иброҳим; ояти 34)


وَهُوَ مَعْبُودِي لَيْسَ لِيَ مَعْبُودٌ سِوَاهُ


Ва маъбуди ман танҳо Аллоҳ аст, ғайри Аллоҳ дигар маъбуд надорам. 


Ҷумлаи зикршуда маънои "Ла Илаҳа иллаллоҳ"-ро дар бар иегирад, яъне нафъю исбот аст. 


Далил: 

الْحَمْدُ لِلَّـهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ


Ҳамду ситоиш Аллоҳро, ки Рабби Оламиён ҳаст. (Оғози сураи Фотиҳа)


- "Ҳамд" гуфтан ибодат аст ва ибодат танҳо барои Аллоҳ аст.

- "Рабби Оламиҳо" маънояш: тарбияткунанда, мураббӣ, соҳиб, офаранда, контролкунандаи оламиҳо (ғайри Аллоҳро "олам" мегуянд: олами ҳашарот; олами дарахтҳо; олами инсонҳо).



Вақте пурсанд, ки Рабби Оламиҳоро ба чӣ шинохтӣ? 

Бигӯ: ба оятҳо ва ба махлуқҳо. 


أَفَلَمْ يَنظُرُوا إِلَى السَّمَاءِ فَوْقَهُمْ كَيْفَ بَنَيْنَاهَا وَزَيَّنَّاهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٍ وَالْأَرْضَ مَدَدْنَاهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوْجٍ بَهِيجٍ


Оё ба ин осмон бар болои сарашон назар намекунанд, ки чӣ гуна онро бино кардаем ва оростаем ва ҳеҷ шикофе дар он нест? Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои баланд афкандем ва аз ҳар гуна набототи хушманзар дар он рӯёнидем. (Сураи Қоф, ояти 6-7)


أَوَلَمْ يَنظُرُوا فِي مَلَكُوتِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا خَلَقَ اللَّـهُ مِن شَيْءٍ


Оё намеандешанд аз мулки осмонҳову замин ва чизҳое, ки Аллоҳ офаридааст? (Сураи Аъроф, ибтидои ояти 185)


Шарҳ: 

Бузургии махлуқот (ситораву каҳкашон, куҳҳову уқёнусҳо ва ғайра) далолат ба бузургии Холиқ мекунад. Атеистону дигар мушрикон аз сабаби кибру ғурур доштан рад мекунанд ягонагию мавҷудияти Аллоҳро, дар ҳоле ки дар ҳама чиз ягонагиву мавҷудияти Аллоҳ аён ҳаст. Тартибу низоми ин замину осмон ҳама бузургии Аллоҳро исбот мекунад. Камтарин чиз як созанда дорад, чӣ ҷои ин замину Осмон. Шабу рӯз ва офтобу моҳтоб ин яке аз нишонаҳои бузургиву азаматии Аллоҳ аст. 


اللَّـهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ


Аллоҳ аст офарандаи тамоми чиз, ва Ӯ ҳаст идоракунандаи тамоми чизҳо. (Сураи Зумар; ояти 62)


الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ فِرَاشًا وَالسَّمَاءَ بِنَاءً وَأَنزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَّكُمْۖ فَلَا تَجْعَلُوا لِلَّـهِ أَندَادًا وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ


Он Аллоҳе, ки заминро чун гилеме бигустурд ва осмонро чун биное бияфрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо аз замин ҳар гуна самарае бируёнид ва худ медонед, ки набояд ҳамроҳи Аллоҳ шарике қарор диҳед! (Сураи Бақара; ояти 22)


قُلْ مَن يَرْزُقُكُم مِّنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ أَمَّن يَمْلِكُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَمَن يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيِّتَ مِنَ الْحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ الْأَمْرَۚ فَسَيَقُولُونَ اللَّـهُۚ فَقُلْ أَفَلَا تَتَّقُونَ


Бигӯ: «Кист ки аз осмону замин ба шумо ризқ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноӣ мебахшад? Кист зиндаро аз мурда берун меорад ва мурдаро аз зинда? Кист идоракунандаи Олам» Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед?» (Сураи Юнус; ояти 31)


Навъҳои ибодат бисёранд, аз ҷумла:

1. Ислом (5 рукн дорад)

2. Имон (6 рукн дорад)

3. Эҳсон (1 рукн дорад)

4. Дуъо

5. Хавф (тарс)

6. Раҷо (умед кардан)

7. Таваккул (эътимод)

8. Рағбат

9. Раҳбат (тарс)

10. Хушуъ (сархамӣ)

11. Хашят (тарси бо яқин)

12. Инобат (бозгаштан)

13. Истиъонат (кумак хостан)

14. Истиъодат (паноҳ бурдан)

15. Истиғосаҳ (кумак талаб кардан)

16. Забҳ (қурбонӣ кардан)

17. Назр

... ва ғайра ибодатҳое, ки Аллоҳ амр кардааст.


Қоида:

Ибодат - тамоми он чизе, ки Аллоҳ дуст медорад, меписандад ва аз он розӣ ҳаст. (Қавлӣ, амалӣ, зоҳирӣ, ботинӣ)


Шарҳ:

Дар як рӯз 17 маротиба сураи Фотиҳаро мехонем дар намозҳои фарзӣ ва мегӯем "иййака наъбуду, ва иййака настаъин" - "танҳо Туро ибодат мекунем, ва танҳо аз ту кумак металабем". Пас бояд тамоми намуди ибодат махсуси Аллоҳ бошад, танҳо ба Аллоҳ равона карда шавад.


يَا أَيُّهَا النَّاسُ اعْبُدُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ


Эй мардум, ибодат кунед Парвардигоратонро, ҳамонеро, ки офарид шуморо ва онҳоеро, ки пеш аз шумо буданд, ба умеди оне, ки ботақво шавед. (Сураи Бақара; ояти 21)


- Ибни Аббос дар тафсири худ ибораи «Парвардигоратонро ибодат кунед»-ро дар ин оят ба фарз будани ибодат, аз қабили намоз, рӯза, закот ва адои ҳаҷ ишора мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки ин ибодатҳо танҳо ба хотири Аллоҳ ва бо ихлос ва садоқат анҷом дода шаванд.



Далили ҷоиз набудани ибодати ғайруллоҳ:

وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلَّـهِ فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّـهِ أَحَدًا


Ва масҷидҳо аз они Аллоҳ аст. Пас ибодат накунед ғайри Аллоҳ касеро. (Сураи Ҷин; ояти 18)


Масҷид ду маъно дорад:

(1) масҷид - яъне аъзоҳои инсон, ки бояд ибодат кунанд танҳо Аллоҳро, ба мисли чашму гушу дасту по. 

(2) тамоми рӯи замин ҷойи ибодат ҳаст, ва замин танҳо барои ибодати Аллоҳ халқ шудааст, бинобар ин набояд дар рӯи Замин ғайруллоҳ ибодат шавад, набояд ширк варзида шавад ба Аллоҳ.


Мардум се қисм ҳастанд:

1) бединҳо - аслан Аллоҳро ибодат намекунанд

2) мушрикҳо - ҳамроҳи Аллоҳ ғайруллоҳро низ ибодат мекунанд  

3) муваҳҳидҳо - танҳо Аллоҳро ибодат мекунанд. Ва танҳо муваҳҳид будан эътибор дорад.


Шарҳ:

- Ҳар ки сарф кунад навъе аз ин ибодатҳоро ба ғайруллоҳ, пас мушрику кофир ҳаст, зеро дуъои ғайруллоҳ, забҳ барои ғайруллоҳ, ва таваккул ба ғайруллоҳ ва ғ. ширк аст ва анҷомдиҳандааш аз Ислом мебарояд, муртад мешавад.

- Қубуриҳо, рофизиҳо мегӯянд: "мо танҳо инҳоро василаву воситае қарор медиҳем". Аллоҳ мегӯяд:


أَلَا لِلَّـهِ الدِّينُ الْخَالِصُۚ وَالَّذِينَ اتَّخَذُوا مِن دُونِهِ أَوْلِيَاءَ مَا نَعْبُدُهُمْ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَا إِلَى اللَّـهِ زُلْفَىٰ إِنَّ اللَّـهَ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ فِي مَا هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَۗ إِنَّ اللَّـهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ كَاذِبٌ كَفَّارٌ


Огоҳ бош, ки дини холис аз они Аллоҳ аст. Ва касоне, ки ҳамроҳи Аллоҳ дигареро авлиё қарор доданд, гуфтанд: "Ин авлиёро ба хотири он ибодат мекунем, то василае бошанд барои наздик шудани мо ба Аллоҳ." Ва Аллоҳ дар он чӣ ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард. Аллоҳ дурӯғгӯву носипосонро ҳидоят намекунад. (Сураи Зумар; ояти 3)


Шарҳ:

- Барои ин гуруҳу тоифаҳо танҳо як Аллоҳ аст, аммо ингуна васила қарор доданашон онҳоро мушрик сохт. 


وَيَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّـهِ مَا لَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَـٰؤُلَاءِ شُفَعَاؤُنَا عِندَ اللَّـهِۚ قُلْ أَتُنَبِّئُونَ اللَّـهَ بِمَا لَا يَعْلَمُ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِۚ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ


Ғайри Аллоҳ чизҳоеро мепарастанд, ки барояшон на фоида мерасонад на зарар. Ва мегӯянд: «Инҳо танҳо шафоаткунандаи мо дар назди Аллоҳ ҳастанд». Бигӯ: «Оё ба Аллоҳ аз чизе хабар медиҳед, ки дар замину осмон аз он хабаре надорад? Аллоҳ пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, болотар аст!» (Сураи Юнус; ояти 18)


Шарҳ:

- Онҳое, ки мегӯянд "қасди мо ин аст ки ба Аллоҳ наздик шавем ба воситаи Алӣ, ё Ҳусайн ё Абдулқодири Ҷилонӣ", ин сухан фоидаашон намекунад ва онҳо мушрик ҳастанд, зеро мушрикони Макка ҳам чунин мегуфтанд. 

- Мушрикони Макка ҳам мегуфтанд: "Онҳо солиҳин ҳастанд ва моро ба Аллоҳ наздик месозанд". 


وَمَن يَدْعُ مَعَ اللَّـهِ إِلَـٰهًا آخَرَ لَا بُرْهَانَ لَهُ بِهِ فَإِنَّمَا حِسَابُهُ عِندَ رَبِّهِۚ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ


Ҳар кӣ ба ғайр аз Аллоҳ худои дигареро мехонад (дуо мекунад), ки ҳеҷ бурҳоне надорад барои ин кораш, ҳисобаш назди Парвардигораш хоҳад буд. Ва кофирон наҷот намеёбанд. (Сураи Муъминун; ояти 117)


- Аллоҳ дар оятҳои бисёр амр ба тавҳид кард, ва манъ кард аз ибодати ғайруллоҳ, ва касе Қуръонро хонад ва дуруст фаҳмад, ҳатман муваҳҳид мешавад. 


وَلَقَدْ أُوحِيَ إِلَيْكَ وَإِلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكَ لَئِنْ أَشْرَكْتَ لَيَحْبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ


Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёред ба Аллоҳ, амалҳоятон ботил гардад ва худ аз зарардидагон хоҳед буд. (Сураи Зумар; ояти 65)


~ ДУО ~


Ҳадиси Тирмизӣ: "Дуо ибодат ҳаст." (ҳасани саҳиҳ)


Дуо ду навъ мешавад:

(1) дуои ибодат - яъне ибодат кардани Аллоҳ ва дуо кардан ба суи Аллоҳ то ин ибодатҳоямонро қабул кунад. Дуои ибодат бо санову дуруд мешавад, мисли Алҳамдулиллаҳи Раббил Ъаламин. 

(2) дуои масъалаҳ -  яъне дуои талаб кардани чизе аз Аллоҳ. Мисли "Ё Аллоҳ шифо бидеҳ"...


وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْۚ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ


Парвардигоратон гуфт: «Дуо кунед ба сӯи Ман, то иҷобат кунам дуоятонро. Онҳое, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ дохили дузах мешаванд хору зор!» (Сураи Ғофир; ояти 60)


- Ин оят далили он ҳаст, ки дуо кардан ибодат ҳаст (зеро Аллоҳ ба он амр кард) ва Аллоҳ дуст медорад вақте бандааш дуо мекунад ба сӯи Ӯ. 


- Олимҳо мегӯянд, ҳатто агар духтурҳо гӯянд фарзанддор намешавӣ, бо вуҷуди ин дуо кун то Аллоҳ фарзандат диҳад. Зеро дуо ибодат ҳаст, агарчӣ билохира фарзанддор ҳам нашавӣ, барои дуо карданат аҷру савоб мегирӣ. 


Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: Вақте банда дуо мекунад ба сӯи Аллоҳ, яке аз ин се воқеъ мешавад:

(1) Ё дуояш қабул мешавад;

(2) Ё зараре аз ӯ дур мешавад ба миқдори дуои кардааш;

(3) Ё савобу аҷре дар рӯзи Қиёмат насибаш мешавад ба миқдори дуои кардааш. (Сунани Тирмизӣ 3371)


- Аз ин рӯ бояд мусалмон дар ҳар кор дуо кунад. Аз Аллоҳ агар талаб накунӣ, Аллоҳ ғазаб мекунад. Аз фарзанди одам агар талаб кардӣ ду-се бор, ғазаб мекунад.


- Дуо бузургтарин ибодат ҳаст, зеро ки тамоми ибодатҳо дар он мавҷуд ҳаст.


وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ


Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, Ман наздикам ва ба дуои касе, ки сӯи Ман дуо кунад, ҷавоб медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд! (Сураи Бақара; ояти 186)


~ ХАВФ ~


إِنَّمَا ذَٰلِكُمُ الشَّيْطَانُ يُخَوِّفُ أَوْلِيَاءَهُ فَلَا تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ


Он танҳо шайтон аст, ки шуморо бо ёрдамчиҳояш метарсонад. Аз онҳо натарсед, балки аз Ман битарсед агар ки муъмин бошед! (Сураи Оли Имрон; ояти 175)


Шарҳ:

- Хавф ҳам навъе аз ибодат ҳаст ва банда бояд танҳо аз Аллоҳ битарсад, зеро ки фоидарасону зараррасон танҳо Аллоҳ аст.


Хавф се навъ ҳаст:

(1) Сиррӣ (ибодатӣ/эътиқодӣ) - хавфе, ки қодир нест ба он ғайри Аллоҳ. Мисол, тарсидан аз он ки қабре ё валие ё ҷине зарар мерасонад. Ин навъи хавфу тарс ширки акбар ҳаст. Инсонро аз Ислом хориҷ месозад.

(2) Табиӣ - хавф аз море ё каждуме ё баландие ё ҳокими золиме. Боке надорад чунин хавф, аммо бояд эътиқод кард, ки зарар танҳо аз ҷониби Аллоҳ аст.

(3) Хавфи маъсият - навъи тарсе, ки одамро маҷбур месозад ба гуноҳу маъсият ва тарки ибодат. Мисоли шахсе ки аз ҷиҳод мегурезад (ҷиҳоди ҳақиқӣ бо тамоми шартҳояш, на ҳар ҷангу фитнае ки дар ин замон бо номи ҷиҳод машҳур шудааст). Ин гуна хавф ҳаром аст. 


~ РАҶО ~


Далили ибодат будани раҷо:

قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ يُوحَىٰ إِلَيَّ أَنَّمَا إِلَـٰهُكُمْ إِلَـٰهٌ وَاحِدٌۖ فَمَن كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا


Бигӯ: «Ман ҳам инсон ҳастам мисли шумо. Ба ман ваҳй нозил шуд аз ҷониби Аллоҳ, ки Худои шумо - Худои Якто аст. Пас ҳар кӣ умед дорад мулоқот бо Аллоҳро (барои пируз шудан), пас амали солеҳ кунад ва шарик наорад ба ибодати Аллоҳ касеро». (Сураи Каҳф; ояти 110)


* Амал бо ихлосу пайравӣ солеҳ мешавад.


Шарҳ: 

Раҷо - умед кардан, навъе аз ибодат аст. 

[1] Умед кардан ба чизе, ки танҳо Аллоҳ ба он қодир аст, ширк аст. Мисли аз ғайруллоҳ фарзанд умед доштан, шифо умед доштан.

[2] Умед кардан ба чизе, ки махлуқ қодир аст, боке надорад. Мисоли падаре, ки умед дорад фарзандаш калон шуду хароҷоти зиндагиро пеш мебарад.


Раҷо ду навъ ҳаст:

(1) Раҷои Маҳмуд (محمود) - умед кардан бо анҷоми тоату амали солеҳ, ба  мисли шахсе, ки ибодатҳоро анҷом медиҳад ва умед мекунад, ки Аллоҳ ӯро аз оташи ҷаҳаннам дур созад. 

(2) Раҷои Мазмум (مذموم) - умед кардан бидуни тоату амали солеҳ, ба мисли умед кардан аз Ҷаннат бидуни намоз хондан.


~ ТАВАККУЛ ~


Таваккул - такя кардан, эътимоду боварӣ кардан барои ба даст овардани хубие, ё дур кардани бадие. Ин ҳам яке аз навъҳои ибодат ҳаст. Таваккул кардан танҳо ба Аллоҳ ҷоиз аст. 

وَعَلَى اللَّـهِ فَتَوَكَّلُوا إِن كُنتُم مُّؤْمِنِين


Ва ба Аллоҳ таваккал кунед, агар ки мӯъмин ҳастед!» (Сураи Моида; поёни ояти 23)


وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُۚ وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّـهِ فَهُوَ حَسْبُهُۚ إِنَّ اللَّـهَ بَالِغُ أَمْرِهِۚ قَدْ جَعَلَ اللَّـهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا


ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзиаш медиҳад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад, барояш кофӣ аст. (Сураи Талоқ; қисми ояти 3)


Шарҳ: 

Иҷрои корҳо барои Аллоҳ осон ҳаст. Ва бояд мусалмон таваккулро ба Аллоҳ гузорад чӣ дар ҷустуҷӯйи ризқ бошад, чӣ дар талаби илм, чӣ дар мушкилиҳо. Аммо сабабҳоро гирифтан даркор ҳаст, мисли кор ёфта кор кардан барои аз ҷониби Аллоҳ ризқ дарёфт кардан. Кор кун аммо таваккул ба Аллоҳ кун, на ин ки ба кори худ.


يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللَّـهُ وَمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ


Эй паёмбар, Аллоҳ басанда аст барои ту ва барои мӯъминоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд. (Сураи Анфол; ояти 64)


إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللَّـهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ


Муъминҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки вақте Аллоҳ зикр шавад, дилҳояшон ба тарс меояд. Вақте оятҳои Аллоҳ тиловат шавад, имонашон зиёд мешавад. Ва ҳамон касоне ки таваккулу эътимод мекунанд ба Аллоҳ." (Сураи Анфол; ояти 2)


Дарси 8


Пайғамбарону солиҳин ин се сифатро доштанд: Рағбат, раҳбат, хушуъ.


Далил: 

فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَوَهَبْنَا لَهُ يَحْيَىٰ وَأَصْلَحْنَا لَهُ زَوْجَهُۚ إِنَّهُمْ كَانُوا يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَيَدْعُونَنَا رَغَبًا وَرَهَبًاۖ وَكَانُوا لَنَا خَاشِعِينَ


Инҳо (паёмбарон) дар корҳои нек шитоб мекарданд ва бо тарсу умед Маро дуо мекарданд ва хушуъдоштаҳо буданд. (Сураи Анбиё; ояти 90)


Шарҳ: 

Ибни Қаййим мегӯяд, ки сайркунанда ба сӯи Аллоҳ бояд байни хавфу раҷо бошад.


Як иқтибос меорем аз Ибни Қайим дар бораи тарс ва умед: "Дил дар сафараш ба сӯи Аллоҳ мисли паррандаест, ки сараш муҳаббат аст ва тарсу умед ду болаш аст. Чун сару бол солим бошад, парранда парвоз мекунад. Вале чун сар бурида шавад, дарҳол мемирад ва вақте ки болҳо беқувват мешаванд, парвоз карда наметавонад ва метавонад ҳадафи ҳар шикорчӣ ё дарранда гардад».


~ РАҒБАТ ~


Рағбат - талаб доштани чизе танҳо аз Аллоҳ дар он чизе, ки гайруллоҳ қодир нест, ба мисли умед доштан аз Ҷаннати Аллоҳ. Рағбат маънояш ба маънои умед (раҷо) наздик аст.


Далил: 

وَإِلَىٰ رَبِّكَ فَارْغَب


ва ба Парвардигорат рағбат намо (танҳо аз Аллоҳ умед кун)! (Сураи Шарҳ; ояти 8)


~ РАҲБАТ ~


Раҳбат - тарсидан аз иқобу азоби Аллоҳ. Маънояш қариб аст ба маънои хавф (тарс).


~ ХУШУЪ ~


Хушуъ - хору сархаму залил будан танҳо барои Аллоҳ.


(!) Аҳли суннат мегӯяд, ки инсон бояд дар байни хавфу раҷо бошад. ✅️

(!) Мурҷиа дар раҷо ғулув кард ва имонро аз амал ҷудо кард.❌️

(!) Хавориҷ дар хавф ғулув (зиёдаравӣ) кард ва тарки воҷиберо куфр донист.❌️


Қоида: 

Мусалмон ҳангоми завқу майл пайдо кардан ба гуноҳ, бояд хавфи зиёдтар дошта бошад. Бандаи муъмин байни хавфу раҷо зиндагӣ мекунад.


■ Хавф - тарси бе яқин

■ Хашят - тарси бо яқин, бо илму дониш


~ ХАШЯТ ~


Хашят - тарсидан бо яқин бо илму дониш


Далил: 

وَمِنَ النَّاسِ وَالدَّوَابِّ وَالْأَنْعَامِ مُخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ كَذَٰلِكَۗ إِنَّمَا يَخْشَى اللَّـهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُۗ إِنَّ اللَّـهَ عَزِيزٌ غَفُورٌ


Ҳар оина аз миёни бандагони Аллоҳ танҳо олимҳо аз Ӯ хашят доранд. (Сураи Фатир; ояти 28)

فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِي وَلِأُتِمَّ نِعْمَتِي عَلَيْكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ


Аз онҳо (кофирҳо) натарсед, ва аз ман битарсед, то неъмати Худро бар шумо комил кунам, бошад, ки ҳидоят ёбед. (Сураи Бақара; қисми ояти 150)


~ ИНОБАТ ~


Инобат - ру овардан, боз гаштан.


Далил:

وَأَنِيبُوا إِلَىٰ رَبِّكُمْ وَأَسْلِمُوا لَهُ مِن قَبْلِ أَن يَأْتِيَكُمُ الْعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ


Ба сӯи Парвардигоратон рӯй оред (бо тавба) ва ба Ӯ комилан таслим шавед, пеш аз он ки азоб фаро расад, ки дар он вақт ёрирасоне нахоҳед дошт. (Сураи Зумар; ояти 54)


* Дараҷаи инобат аз дараҷаи тавба болотар аст.


Таърифи тавба:

1. Зуд тарк кардани гуноҳ;

2. Пушаймон шудан аз анҷоми он гуноҳ;

3. Боз нагаштан ба он гуноҳ.


* Инобат бошад ин сетои болоро дар бар мегирад ва илова бар ин бояд рӯ овард ба сӯи Аллоҳ бо тамоми аъзои бадан. 


~ ИСТИЪОНАТ ~


Истиъонат - талаб кардани кӯмак танҳо аз Аллоҳ барои корҳое, ки танҳо Аллоҳ қодир аст.


Далил: 

إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ


Танҳо Туро ибодат мекунем ва танҳо аз Ту кумак талаб мекунем. (Сураи Фотиҳа; ояти 5)


Аз Анас ибни Малик ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: "Агар ба чизе ниёз дорӣ, танҳо аз Аллоҳ бипурс. Агар кӯмак мехоҳӣ, танло аз Аллоҳ кӯмак бихоҳ". (Сунани ибни Моҷаҳ 3863)


Кӯмак хостан аз гайруллоҳ ҷоиз ҳаст ба шарте, ки ҳозиру қодиру зинда бошад.


Далил: 

Абӯҳурайра ривоят мекунад,  ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: "Касе ки ба бародараш кӯмак кунад, Аллоҳ ба ӯ кӯмак мекунад..." (Саҳиҳ Муслим 2699)


Шартҳои талаби кӯмак аз ғайруллоҳ: 

1. Зинда бошад 

2. Ҳозир бошад (ҳузур дошта бошад)

3. Қодир бошад (тавоноии он корро дошта бошад)


* Аммо кӯмак кардан дар кори ҳаром ҷоиз нест.


Далил:

وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِۚ وَاتَّقُوا اللَّـهَۖ إِنَّ اللَّـهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ


Ва бо якдигар ҳамкорӣ кунед дар корҳои нек, ва кумак накунед якдигарро дар гуноҳу душманӣ. Ва аз Аллоҳ битарсед. Ҳар оина азоби Аллоҳ шадид ҳаст! (Сураи Моида; ояти 2)


~ ИСТИЪОЗАҲ ~


Истиъозаҳ - паноҳ бурдан танҳо ба Аллоҳ. На ба паёмбаре, на ба малоикае, на ба солеҳин, балки танҳо ба Аллоҳ.


Далил:

قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ


˹Эй Паёмбар,˺ Бигӯ “паноҳ мебарам ба Парвардигори Субҳдам" (Сураи Фалақ; ояти 1)


قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ النَّاسِ


˹Эй Паёмбар,˺ Бигӯ “паноҳ мебарам ба Парвардигори инсоният" (Сураи Нос; ояти 1)


~ ИСТИҒОСАҲ ~


Истиғосаҳ - талаб кардани ёрдам дар сахтиҳову душвориҳо.


Далил:

إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ


Вақте кӯмак талаб кардед аз Парвардигоратон, пас қабул кард (истиҷобат кард). (Сураи Анфол; ояти 9)


Шарҳ:

Истиғосаҳ яке аз бузургтарин ибодатҳо аст. Барои ғайруллоҳ бахшидани он ширки акбар аст дар корҳое, ки ғайруллоҳ ба он қодир нест.


~ ЗАБҲ ~


Забҳ - қурбонӣ кардан (хуни чорво резондан) танҳо барои Аллоҳ.


Далил:

قُلْ إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحْيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّـهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ


Бигӯ: «Ҳар оина, намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман барои Аллоҳ - Парвардигори ҷаҳониён аст. (Сураи Анъом; ояти 162)


إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ

فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ


(Аллоҳ мегуяд ба Паёмбар ﷺ): Мо хайри бисёре (кавсар) ба ту ато кардем. Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун. (Сураи Кавсар; ояти 1-2)


Аз Алӣ ибн Абутолиб ривоят шудааст,  ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: Лаънат кунад Аллоҳ касеро, ки барои ғайруллоҳ забҳ мекунад. (Саҳиҳ Муслим 1978)


Шарҳ:

Ҷоиз нест гирифтани номи ғайруллоҳ ҳангоми забҳ кардан. Ҷоиз нест забҳ кардан барои наздик шудан ба ғайруллоҳ. Ҷоиз нест забҳ кардан дар қабристонҳо. Ҳамаи ин ҳаром аст ва ширки акбар аст, ки анҷомдиҳандааш аз Ислом хориҷ мешавад.


Ҷоиз аст забҳ кардан барои гушташро хурдан ё фурухтан ё барои некӣ кардан ба меҳмон.


~ НАЗР ~


Назр - воҷиб кардан ба нафси худ чизеро, ки Аллоҳ воҷиб накардааст. 

Мисоли ин: "Ё Аллоҳ, агар аз ҳамин сахтӣ халос шавам, як гусфанд ба номат забҳ мекунам."


Ҷумҳури уламо мегӯянд назр кардан макруҳ аст. Баъзеяшон мегӯянд ҳаром аст. 

Далили макруҳ будани назр он аст, ки Паёмбар ﷺ назр накарда буданд ва дигаронро манъ карда буданд аз он. 


Қоида:

- Агар назр кард, пас воҷиб мешавад иҷро кардани он.

- Назре ки ҳаромро дар бар мегирад, куллан ҳаром аст. Мисоли ин: "агар ҳамин корам шавад, пас арақ менушам."


Далил:

يُوفُونَ بِالنَّذْرِ وَيَخَافُونَ يَوْمًا كَانَ شَرُّهُ مُسْتَطِيرًا


Ба назри кардаашон вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд. (Сураи Инсон; ояти 7)


Асли 2 - Шинохтани дини Ислом

Шайх: Асли дувум ин шинохтани дини Ислом бо далилу ҳуҷҷат (аз Қуръону Суннат) аст. 


Таърифи Ислом:

Ислом - ал истисламу лиллаҳи бит тавҳид, вал инқияду лаҳу бит тоъаҳ, вал бароату минаш ширки ва аҳлиҳ.


الإستسلام لله بالتوحيد والإنقياد له بالطاعة، والبراءة من الشرك وأهله


Ислом - таслим шудан барои Аллоҳ бо тавҳиду яктопарастӣ; фармонбардории Аллоҳ бо иҷро кардани амрҳо ва дур будан аз наҳиҳо; ва безор будан аз ширку аҳли ширк (мушрикҳо).


فَمَن يَكْفُرْ بِالطَّاغُوتِ وَيُؤْمِن بِاللَّـهِ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ


Ҳар ки кофир шавад ба тоғут ва имон оварад ба Аллоҳ, пас ба таҳқиқ ба ресмони устуворе чанг задааст. (Сураи Бақара; ояти 256)


Шарҳ:

"Ресмони устувор" мақсад инҷо "Ла илаҳа иллаллоҳ" аст. 


Дар ин оят ду рукн омадааст:

(1) нафй (рад, инкор) - рад кардани ибодат барои ғайруллоҳ;

(2) исбот - исботи ибодат танҳо барои Аллоҳ.



Дини Ислом се мартаба дорад:

(1) Ислом

(2) Имон

(3) Эҳсон


- Бузургтарин мартаба эҳсон аст, баъд имон аст ва баъд ислом. Васеътарин мартаба ислом аст. Ҳар яке аз ин мартабаҳо ба худ рукн дорад.


Мартабаи Ислом


Ислом панҷ рукн дорад:

[1] Калимаи Шаҳодат

[2] Намоз

[3] Закот

[4] Рузаи Рамазон

[5] Ҳаҷи Каъба


Далили калимаи шаҳодат: 


- [1] Калимаи Шаҳодат - бузургтарин рукни Ислом аст.

 

شَهِدَ اللَّـهُ أَنَّهُ لَا إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ وَالْمَلَائِكَةُ وَأُولُو الْعِلْمِ قَائِمًا بِالْقِسْطِۚ لَا إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ


Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки нест маъбуде бар ҳақ ҷуз Ӯ, ва фариштагону аҳли илм низ (гувоҳӣ медиҳанд ба ин). Илоҳе ҷуз Ӯ нест, ки Азизу Ҳаким аст! (Сураи Оли Имрон; ояти 18)


- Мақсуд аз "аҳли илм" ин илми шаръӣ ҳаст. Ҳар фазилате дар бораи илму уламо омадааст, онҷо илми шаръӣ ва уламои Ислом дар назар аст.


Калимаи шаҳодат ду рукн дорад:


(1) нафй (рад, инкор) - рад кардани ибодат барои ғайруллоҳ;

(2) исбот - исботи ибодат танҳо барои Аллоҳ.


Шартҳои "Ла илаҳа иллаллоҳ":


[1] Илм - бояд маънои онро донист; аксаш "ҷаҳл" аст. 

[2] Яқин - яқин кардан ба он, ки сазовори ибодат танҳо Аллоҳ аст; аксаш "шак" аст.

[3] Ихлос - холисона ибодат кардани танҳо Аллоҳ; аксаш "ширк" аст. 

[4] Сидқ - содиқ будан.

[5] Муҳаббат - дуст доштани Аллоҳ ва дуст доштани калимаи "ла илаҳа иллаллоҳ" ва аҳли он.

[6] Инқиёд (фармонбардорӣ) - амал кардан ба талаботи "ла илаҳа илаллоҳ"; аксаш "ру гардондан". 

[7] Қабул - қабул кардани "ла илаҳа иллаллоҳ" ва қабули талаботи он; аксаш "рад" аст. 


Шарҳу тафсири "ла илаҳа иллаллоҳ" қавли ҳазрати Иброҳим (алайҳи салом) аст. 


وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِ إِنَّنِي بَرَاءٌ مِّمَّا تَعْبُدُونَ إِلَّا الَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُ سَيَهْدِينِ


Ва Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Ман аз он чӣ шумо мепарастед, безорам, ғайри Оне ки маро офарида, ва Ӯ роҳнамоиям хоҳад кард». (Сураи Зухруф, ояти 26-27)


قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِي إِبْرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ إِذْ قَالُوا لِقَوْمِهِمْ إِنَّا بُرَآءُ مِنكُمْ وَمِمَّا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ اللَّـهِ كَفَرْنَا بِكُمْ وَبَدَا بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةُ وَالْبَغْضَاءُ أَبَدًا حَتَّىٰ تُؤْمِنُوا بِاللَّـهِ وَحْدَهُ 


Ҳар оина барои шумо улгуи некӯ аст дар Иброҳим ва касоне, ки бо вай буданд аз муъминҳо, замоне ки ба қавми худ гуфтанд: "Мо аз шумо ва аз он чӣ шумо ибодат мекунед ҷуз Аллоҳ, безорем ва шуморо кофир мешуморем ва миёни мову шумо ҳамеша душманиву бадбинӣ хоҳад буд, то вақте ки ба Худои якто имон биёваред." (Сураи Мумтаҳана; ояти 4)



قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْا إِلَىٰ كَلِمَةٍ سَوَاءٍ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلَّا نَعْبُدَ إِلَّا اللَّـهَ وَلَا نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلَا يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللَّـهِۚ فَإِن تَوَلَّوْا فَقُولُوا اشْهَدُوا بِأَنَّا مُسْلِمُونَ


Бигӯ: «Эй аҳли китоб, биёед ба он калимае, ки пазируфтаи мову шумост, пайравӣ кунем: он ки ҷуз Аллоҳ чизеро напарастем ва ба Ӯ шарике наорем ва якдигарро маъбуд қарор надиҳем.» Агар онҳо рӯй гардонанд, бигӯ: «Шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем». (Сураи Оли Имрон; ояти 64)


لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُم بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ


Ба таҳқиқ паёмбаре аз худи шумо ба сӯи шумо фиристода шуд. Ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Сахт ба шумо дилбаста аст (мехоҳад шумо аз дузах наҷот ёбед) ва бо мӯъминон меҳрубону раҳмкунанда аст. (Сураи Тавба; ояти 128)


Шарҳ: 

Паёмбар ﷺ дар ҳидояти умматаш кушишҳои зиёд карда буд, ва Паёмбар ﷺ неъмате буд аз ҷониби Аллоҳ ба сӯи мо. 


Маънии "ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" - ин итоат кардани Паёмбар ﷺ дар он чизе ки амр кардааст, чун итоат кардани Паёмбар ﷺ ин итоат кардани Аллоҳ аст, амри Паёмбар ﷺ ин амри Аллоҳ аст.


Далил:

مَّن يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّـهَۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا


Ҳар кӣ паёмбарро итоат кунад, ба таҳқиқ Аллоҳро итоат кардааст. Ва онҳое, ки рӯй мегардонанд, пас бидон, ки Мо туро ба нигаҳбонии онҳо нафиристодаем. (Сураи Нисо; ояти 80)


وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُواۚ وَاتَّقُوا اللَّـهَۖ إِنَّ اللَّـهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ


Ҳар чӣ паёмбар ба шумо амр кард, пас итоат кунед. Ва аз ҳар он чӣ паёмбар шуморо манъ кард, пас аз он худдорӣ кунед ва онро тарк кунед. Ва аз Аллоҳ битарсед. Ба таҳқиқ азобу иқоби Аллоҳ шадид аст. (Сураи Ҳашр; ояти 7)


قُلْ أَطِيعُوا اللَّـهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيْكُم مَّا حُمِّلْتُمْۖ وَإِن تُطِيعُوهُ تَهْتَدُواۚ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ


Бигӯ: «Аллоҳро итоат кунед ва паёмбарро итоат кунед. Пас агар рӯй гардонед, паёмбар барои вазифаи худ масъул аст, ва шумо барои вазифаи худ масъул ҳастед. Ва агар ӯро итоъат кунед, ҳидоят меёбед. Ва бар ӯҳдаи паёмбар танҳо паёмро равшан расондан ҳаст». (Сураи Нур; ояти 54)


يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّـهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ 


Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро итоат кунед ва паёмбарро итоат кунед... (Сураи Нисо; ояти 59)


Ва боз маънии "ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ" ин тасдиқ кардани он чизе, ки Паёмбар ﷺ хабар додааст; аз хабарҳои гузашта, аз ҷаннату дузах ва он ҳодисаҳое ки то қиёмат барпо мешавад.


Ва боз дур будан аз он чизе, ки Паёмбар ﷺ манъ кардааст.


Далил: 

Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: Он чизеро, ки манъ кардам барои шумо, онро тарк кунед. Ва ба ҳар чизе, ки шуморо амр кардам, ба қадри тавоноӣ амал кунед. (Ҳадиси Бухорӣ 7280)


Қоида:

Бузургтарин чизе, ки Паёмбар ﷺ манъ кардааст ин бидъату хурофотҳо аст. Ва ин ки ибодат карда шавад Аллоҳ танҳо ҳамонгунае, ки Паёмбар ﷺ ҷоиз кардааст. 


Шарҳ: 

- Яке аз мақсадҳои офариниши мо ин пайравӣ кардан аз Паёмбар ﷺ аст. Аллоҳ моро офарид ва паёмбаронро фиристод, то бифаҳмем, ки чӣ гуна бояд ибодат кунем Аллоҳро.

- Баъзе аз солиҳин мегуянд: "Роҳҳои расидан ба Аллоҳ маҳкам шудааст, ғайри роҳи Паёмбар Муҳаммад ﷺ."


Далили намоз ва закот: 


وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّـهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ


Ва онҳоро фақат ба он амр карда буданд, ки Аллоҳро ибодат кунанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ ихлос меварзанд (амалҳояшонро холис мегардонанд). Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост! (Сураи Баййина; ояти 5)


- Дини мустақиму миллати қавим - ин миллати ихлос ва амал ҳаст. Эътибор надорад дин бидуни амал.


Далили руза:


يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ


Эй касоне, имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон, ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд то парҳезгор шавед! (Сураи Бақара; ояти 183)


Далили ҳаҷ:


وَلِلَّـهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًاۚ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ اللَّـهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ


Ва воҷиб аст рафтан ба ҳаҷҷи хонаи Аллоҳ бар касоне, ки қудрати онро дошта бошанд. Ва ҳар кӣ кофир шавад, пас ба таҳқиқ Аллоҳ бениёз ҳаст». (Сураи Оли Имрон; ояти 97)


Мартабаи Имон


Имон 3 қисм дорад:

الإيمان قول باللسان وتصديق بالقلب وعمل بالأركان


Таърифи имон:

Имон - қавл ба забон ва тасдиқ бо қалб ва амал бо аъзоҳои бадан ҳаст.


1. Қавли ба забон

2. Тасдиқ ба қалб

3. Амал бо аъзоҳои бадан


Қоида:

Имон қавлу тасдиқу амал аст, ва яке бе дигараш саҳеҳ намешавад.


1) қавл - касе кӣ гап зада тавонад (яъне гунг набошад), бояд ҳатман як маротиба калимаи шаҳодатро ба забон талаффуз кунад барои зоҳир шудани имонаш.

2) тасдиқ ба қалб (дил) - Шахсе кӣ дар дил шак дорад, пас ин шахс мунофиқ аст ва аз аҳли имон нест.

3) амали ҷавориҳ бояд вуҷуд дошта бошад, мисли намоз хондан, руза гирифтан ва ғайра.


Қоида:

Дар Қуръону ҳадис "ислом" ба зоҳир ва "имон" ба ботин рабт дорад.


Аз Абӯҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: "Имон беш аз 70 шоха дорад. Беҳтарин шохааш ин калимаи "Ла илаҳа иллаллоҳ" аст яъне "нест маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ", ва хурдтарин шохаи имон ин дур кардани монеае аз роҳ аст (мисли сангеро аз роҳ бартараф кардан. Ва ҳаё доштан ин яке аз шохаҳои имон аст." (Саҳиҳи Муслим, Китоби имон; ҳадиси 35)


Имон 6 рукн дорад: 

1. Имон ба Аллоҳ, ки иборат аст аз: 

 - (1) Ба вуҷуди Аллоҳ

 - (2) ба Рубубият (Холиқу Розиқ ва ғ. феълҳои Аллоҳ) 

 - (3) Улуҳият (танҳо Аллоҳ сазовори ибодат аст) 

 - (4) Сифатҳои Аллоҳ

2. Имон ба Малоикаҳо.

 - имон доштан, ки малоикаҳо аз нур офарида шудаанд ва Аллоҳро нофармонбардорӣ намекунанд. Касе як малоикаро рад кунад, кофир мешавад. Мисоли малоикаҳо: Ҷибрил - расули малакӣ; Малакулмавт - гирандаи ҷон.


3. Имон ба китобҳои Илоҳӣ; Қуръону Тавроту Инҷил. Ин китобҳо аз ҷониби Аллоҳ нозил шудаанд, аммо амал кардан танҳо ба Қуръон аст, ки бузургтарин китоби осмонӣ мебошад.


4. Имон ба паёмбарҳо; онҳое ки зикр шудааст номашон дар Қуръон ва онҳое ки зикр нашудааст. Адади муайян надоранд. Баъзеяшон қисса шудаанд ва боқимонда қисса нашудаанд. Бузургтаринашон Муҳаммад ﷺ мебошад.


5. Имон ба Рӯзи Қиёмат; ба ҳар он чизе, ки баъди марг меояд. Мисоли ин: саволу ҷавоби қабр, дубора зинда шудан, пули сирот, ҷаннату дузах.


6. Имон ба тақдири неку бад - аз чаҳор нукта иборат аст:

(1) Илми Аллоҳ: Аллоҳ аз ҳама чиз, аз ҷумла гузашта, ҳозира ва оянда дониши комил дорад. Ин дониш комил аст ва ҳама чизро дар бар мегирад.

(2) Навиштани тақдир: Аллоҳ хамаи он чиро, ки дар оянда хоҳад шуд, дар китобе навиштааст, ки он "Лавҳул Маҳфуз" ном дорад. Дар ин китоб сарнавишти ҳар як фард, аз ҷумла давомнокии умр, амалҳо ва сарнавишти ниҳоии онҳо иборат аст.

(3) Иродаи Аллоҳ: Иродаи Аллоҳ фарогир аст ва ҳар чизе, ки дар олам рух медиҳад, бо хости Ӯ сурат мегирад. Ҳеҷ чиз бе иҷозати Ӯ рӯй намедиҳад.

(4) Масъулияти инсон: Инсон озодии ирода дорад ва барои аъмоли худ масъул аст. Ҳарчанд Аллоҳ ҳукм кардааст, ки чӣ рӯй хоҳад дод, одамон қобилияти интихоб кардани амалҳои худро доранд ва қарорҳое қабул мекунанд, ки ба ҳаёти онҳо таъсир мерасонанд. Аммо интихоби онҳо дар ниҳоят ба хост ва илми Аллоҳ аст.


Мартабаи Эҳсон


Таъриф: 

- Дар луғат хуб анҷом додани чизеро эҳсон мегуянд. 

- Дар шариат муҳсин касест, ки иътибоъ (пайравӣ) ва ихлоси зиёд дорад. 


Эҳсон 1 рукн дорад:

أَنْ تَعْبُدَ اللَّهَ كَأَنَّك تَرَاهُ فَإِنْ لَمْ تَكُنْ تَرَاهُ فَإِنَّهُ يَرَاكَ


Аз Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд: "Аллоҳро чуноне ибодат кун, ки гуё Ӯро мебинӣ (бо шавқу завқи зиёде ибодат кун), ва агар ки ту Ӯро набинӣ, пас Ӯ туро мебинад." (Саҳиҳи Бухорӣ ва Муслим) 


Далил:

إِنَّ اللَّـهَ مَعَ الَّذِينَ اتَّقَوا وَّالَّذِينَ هُم مُّحْسِنُونَ


Аллоҳ ҳамроҳи касоне ҳаст, ки тақво кардаанд. (Сураи Наҳл; ояти 128)

وَتَوَكَّلْ عَلَى الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ الَّذِي يَرَاكَ حِينَ تَقُومُ


Таваккал кун ба Аллоҳ, он Зоти Азизе ки Раҳим аст. Зоте ки туро мебинад ҳангоме ки ту қиём (намози шаб) мекунӣ. (Сураи Шуъаро; ояти 217-218)


وَمَا تَكُونُ فِي شَأْنٍ وَمَا تَتْلُو مِنْهُ مِن قُرْآنٍ وَلَا تَعْمَلُونَ مِنْ عَمَلٍ إِلَّا كُنَّا عَلَيْكُمْ شُهُودًا إِذْ تُفِيضُونَ فِيهِۚ وَمَا يَعْزُبُ عَن رَّبِّكَ مِن مِّثْقَالِ ذَرَّةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي السَّمَاءِ وَلَا أَصْغَرَ مِن ذَٰلِكَ وَلَا أَكْبَرَ إِلَّا فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ


Дар ҳар коре, ки бошед ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонед ва даст ба ҳар амале, ки бизанед, ҳангоме ки ба он мепардозед, Мо аз ҳоли шумо бохабар ҳастем. Бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пушида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар китоби мубин навишта шудааст. (Сураи Юнус; ояти 61)


Шарҳ: 

- Аллоҳ дар дунё дида намешавад аммо дар Ҷаннат дида мешавад.


Умар ибни Хаттоб ривоят мекунад, ки рузе назди Паёмбар ﷺ будем, марде омад, ки либоси бисёр сафед ва муйҳои хеле сиёх дошт. Ягон осори сафар бар ӯ дида намешуд ва ҳеҷ яке аз мо ӯро нашинохтем. Он ҳазрат рӯ ба рӯи Паёмбар ﷺ нишаст ва зонуҳояшро ба зонуҳои Паёмбар ﷺ часпонд ва дастонашро бар ронҳояш гузошт. Гуфт: «Эй Муҳаммад, ба ман аз ислом бигӯ». Паёмбар ﷺ гуфтанд: «Ислом гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст, намоз гузоштан, закот додан, дар Рамазон рӯза гирифтан ва ҳаҷи Хонаи Аллоҳ кардан агар тавоноӣ дошта бошад». Он мард гуфт: Дуруст гуфтӣ. Сипас гуфт: «Ба ман аз Имон бигӯ». Паёмбар ﷺ гуфтард: «Имон овардан ба Аллоҳ ва фариштагонаш, ба китобҳояш ва паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат ва имон овардан ба тақдири илоҳӣ, ба неку бади он». Он мард гуфт: Дуруст гуфтӣ. Сипас гуфт: «Ба ман аз Эҳсон бигӯ». Паёмбар ﷺ гуфтанд: «Аллоҳро парастиш кардан аст, ки гӯӣ Ӯро мебинӣ ва агар ту Ӯро намебинӣ, Ӯ туро мебинад». Он мард гуфт: Дуруст гуфтӣ. Сипас гуфт: «Ба ман дар бораи қиёмат хабар деҳ». Паёмбар ﷺ гуфтанд: «Касе, ки дар ин бора пурсиш мешавад, аз саволдиҳанда бештар намедонад». Он мард гуфт: Пас маро аз нишонаҳои он хабар деҳ. Паёмбар ﷺ гуфтанд: Каниза маъшуқаашро таваллуд мекунад ва ту мебинӣ, ки пойлуч, бараҳна, бенаво ва чӯпонон дар сохтани иморатҳои баланд рақобат мекунанд. Сипас ӯ (он мард) рафт. Паёмбар ﷺ андаке мунтазир шуд ва сипас фармуд: Эй Умар, оё медонӣ, ки саволдиҳанда кист? Гуфтам: «Аллоҳ ва Расулаш донотаранд». Паёмбар ﷺ фармуд: Ин Ҷибрил буд, омад то дини шуморо омӯзонад». (Саҳиҳи Муслим)



Асли 3 - Шинохтани паёмбар

Дарси 11 ва 12 ин ша Аллаҳ нашр хоҳад шуд ҳафтаҳои наздик. 

Ҷазакумуллаҳу хайран